ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии БМТ, рӯзи 5 октябр дар ин ниҳод млоқоти муовини якуми раиси бонк Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони Бонки Осиёгии рушд дар ҳайати муовини сархазинадори Департаменти хазинадории БОР ҷаноби Казуки Фукунага ва сармутахассиси Департаменти хазинадории БОР ҷаноби Раҷеш Поддар доир гардид.
Ба иттилоъи манбаъ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо як қатор масъалаҳои муҳимми ҳамкорӣ, аз ҷумла имконоти иловагии интихоби минбаъдаи қарзҳои имтиёзнок, пешниҳоди роҳҳои беҳтар намудани идораи хавфи асъорӣ ва банақшагирии молиявии қарзҳои имтиёзнок барои Тоҷикистонро муҳокима кардаанд.
Сармутахассиси Департаменти хазинадории БОР Раҷеш Поддар аз сиёсати нави маблағгузорӣ таҳти унвони "Интихоби иловагии асъор барои маблағгузории имтиёзнок"-ро ба ҳозирин муаррифӣ кард.
Мувофиқи сиёсати нави маблағгузории БОР қарзгирандагон аз 1 январи соли 2017 ба ғайр аз СПЗ ҳамчун асъори уҳдадорӣ метавонанд аз воҳидҳои асъории зерин, аз ҷумла доллари ИМА, йени ҷопонӣ, юани хитоӣ, евро ва фунт стерлинги бритониро то лаҳзаи анҷоми музокироти расмӣ интихоб намоянд.
Ҷамолиддин Нуралиев имкони доир намудани амалиётҳои СВОП, гузаронидани тадқиқотҳо ҷиҳати гузариш ба ҳадафгирии таваррумӣ, инчунин кӯмаки техникӣ изҳори таваҷҷуҳ кардааст.
"Нуралиев бахусус диққати ҳайати Бонки Осиёгии рушдро ба маблағгузории низоми бонкии кишвар равона намуд, ки айни замон дастгирии бонкҳои ҷумҳурӣ зарур арзёбӣ мегардад", — омадааст дар хабарнома.
Ҳайъати намояндагони Бонки Осиёгии рушд изҳор доштанд, ки пешниҳодҳои аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон баррасишударо ба роҳбарияти Дафтари асосии (штаб-квартира) Бонки Осиёгии рушд мерасонанд.