ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Ба гузориши БМТ, имрӯз ҳар 1 дулори ИМА = 8.8139 сомонӣ, ҳар 1 евро = 10.2655 сомонӣ, ҳар 1 рубли русӣ = 0.1449 сомонӣ арзишгузорӣ шудаанд.
Нархи миёнаи фурӯши арзи нақд дар бунгоҳҳои бонкӣ барои ҳар 1 дулори амрикоӣ 8.8139 то 8.8200 сомонӣ, ҳар 1 евро аз 10.2000 то 10,3500 сомонӣ, ҳар 1 рубли русӣ = 0.1474 сомонӣ муқаррар шудааст.
БМТ ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки "берун аз бонки аслӣ, шуъба, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, бунгоҳҳои интиқоли пул ва худпардозу поёнаҳо анҷом додани амалиёти табдили арз қатъан манъ аст ва риоят накардани муқаррароти мазкур аз ҷониби шахсони воқеъӣ қонуншиканӣ шумурда шуда, пайгарди маъмурӣ ва кайфарӣ дорад".