Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар шаҳру навоҳии ВМКБ

© Sputnik / Амир ИсаевВид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото.
Вид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳру навоҳии ВМКБ Рӯзи забони давлатиро таҷлил карданд

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумиии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳфиле, ки ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ барпо шуд, шоирону нависандагон ширкат карданд.

Бахшида ба Рӯзи Забони давлатӣ дар китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ВМКБ чорабиниҳои оммавӣ, намоиши китобҳо, ҳамоишу сӯҳбату вохӯриҳо баргузор гардиданд.

Рӯзи 5 — уми октябр дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон бахшида ба ин ҷашн чорабинӣ баргузор гардида, дар он шоирону нависандагон, занони барӯманд, зиёиён, ҷавонон ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ширкат карданд.

Визит Эмомали Рахмона в Кубодиёнском районе хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон миллатро ба арҷгузорӣ ба забони давлатӣ фаро хонд

Ҳамчунин аз 20 то 30 –уми сентябри соли ҷорӣ озмуни вилоятии "Фалак 2017 " гузаронида шуд, ки дар он аз тамоми ноҳияҳо ва шаҳри Хоруғ иштирок намуданд. Дар озмун ҳунарманди бахши фарҳанги ноҳияи Шуғнон Саидкаримова Сакина ғолиб дониста шуда, ба озмуни ҷамъбастӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад роҳхат гирифт.

4-уми октябри соли равон дар театри вилоятӣ аз тарафи ҳунармандони театри мусиқӣ мазҳакавии ба номи М. Назаров асари драматурги фаронсавӣ Мишел Фор "Тиҷорат" намоиш дода шуд, ки тамошобинони зиёдро ҷалб намуд.

Манбаъ меафзояд, ки имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят омодагӣ ба баргузории фестивали эҷодиёти бадеии наврасон ва ҷавонон "Сапеда " идома дорад. Инчунин бахшида ба Соли 2017 — Соли ҷавонон фестивали "Дӯстии халқҳо" дар театрҳои халқии вилоят баргузор гардида истодааст.

Лентаи хабарҳо
0