Ҳалокати муовини сарвазири Қирғизистон дар садама

© Фото : Пресс-служба президента КР / Султан ДосалиевВице-премьер страны Темир Джумакадыров
Вице-премьер страны Темир Джумакадыров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гузориши хадамоти матбуотии ҳукумат, ноиби сарвазир-Темур Ҷумъақодироа ҳамроҳи ёрдамчиаш барои санҷиши омодагии вилояти Талас ба интихоботи раисҷумҳур, ки рӯзи 15 октябр гузаронида мешавад, равон шуда буд

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Субҳи имрӯз дар садамаи нақлиётӣ ноиби сарвазири Қирғизистон Темур Ҷумъақодиров ҳалок шуд. Дар ин бора Sputnik Қирғизистон хабар медиҳад.

"Соати 7:45 субҳ (6:45 ба вақти Душанбе), дар деҳаи Садовое ноҳияи Маскав худрави тамғаи "Тойота Ландкрузер" ба садама дучор шуд. Дар дохили худрав ноиби сарвазири Қирғизистон Темур Ҷумъақодирова ва ёрдамчиаш Нурлан Ҷамгирчиев  ва ронанда буданд. Ҳамаи онҳо дар паи садама ҳалок шуданд", — омадааст дар хабарнома.

Ба гузориши хадамоти матбуотии ҳукумат, ноиби сарвазир-Темур Ҷумақодироа ҳамроҳи ёрдамчиаш барои санҷиши омодагии вилояти Талас ба интихоботи раисҷумҳур, ки рӯзи 15 октябр гузаронида мешавад, равон шуда буд.

Бино ба иттилоъи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабаби садама бархӯрди боркаш бо худрави ноиби сарвазир шудааст.

Фоҷиа дар масофаи сӣ километрӣ аз Бишкек рух додааст.

Темур Ҷумъақодиров пештар ба ҳайси раҳбари Шӯрои амниятии Қирғизитон фаъолият мекард. Ӯ 38 сол дошт.

Лентаи хабарҳо
0