Ҳалокати 18 шаҳрванди Узбакистон дар садама дар Русия

© Стас ЭтвешМашина скорой помощи в России, архивное фото
Машина скорой помощи в России, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрвандони Узбакистон дар вилояти Владимири Русия ба садамаи мудҳиш дучор шуданд

ДУШАНБЕ. 6 окт — Sputnik. Автобуси мусофирбар мошинҳои истодаро пеш карда ба роҳи қатора баромада бо қатора бархӯрд.

Шаби рӯзи ҷумъа дар вилояти Владимири Русия садамаи мудҳиш рух дод. Аксари мусофирони автобус дар хоб буданд. Дар дохили автобус 50 шаҳрванди Узбакистон қарор дошт.

Пассажирский автобус перевернулся под Тулой. Кадры с места ДТП - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар роҳи бозгашт аз Русия ба садама афтоданд

Ба гузориши РИА Новости, бархе аз мусофирон ҳангоми бархӯрд аз овози доду фиғон бедор шудаву аз нақлиёт фаромаданд, то автобусро тела диҳанд. Дар натиҷаи садама 18 кас ҷон бохта 34 нафар ҷон ба саломат бурд.

Бино ба иттилоъи губернатори вилояти Владимир Рита Шляхова автобус бо рақамҳои қазоқистонӣ дар роҳ аз мошинҳои истода пеш гузашта ба қатора бар хӯрдааст. Ронанда дар ранги сурхи чароғак ба роҳи қатора гузашта ба садама уфтод.

"Дар дохили автобус шуҳрандони Узбакистон буданд. Онҳо дар хоб буданд. 34 кас аз мусофирон аз автобус баромаданд, то онро тела дода аз роҳи қатор бароранд. Онҳо зинда монданд. Мусофироне, ки дар дохили автобус монданд, ҷон бохтанд.

Тибқи маъмулот 18 шаҳрванди Узбакистон дар ин садама ҷон бохт.

Ба ҷои ҳодиса намояндагони Вазорати нақлиёти Русия ҳозир шудааст. Мардуми зиндамондаро дар шаҳри Покров ҷой додаанд.

Лентаи хабарҳо
0