ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Микроавтобусе, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Русия ба Тоҷикитон мебруд дар шоҳроҳи вилояти Оқмалин ба садама дучор шуд.
Ба гузориши Sputnik Қазоқистон қазия имрӯз дар ҳудуди Кокшетау-Петропаловск дар масофаи 14 киломертӣ аз маркази вилоят рух додааст.
Микроавтобус Mercedes Sprinter, ки дар дохилаш мусофирони тоҷик буданд бо КамАЗ бархӯрдааст.
Дар дохили микроавтобуси Mercedes Sprinter шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Русия ба ватан бармегаштанд, қарор доштаанд. Ронандаи микроавтобус сокини Кокшетау, марди соли таваллудаш 1969 будааст. Дар паи бархӯрд бо КамАЗ ронанда ва мусофирон захмӣ шудаанд.
Дар натиҷа мусофирон ҷароҳатҳои гуногун бардошта, панҷ тан аз онҳо дар бемористони вилояти Оқмалин бистарӣ шуданд.
Айни замон аз рӯи ин қазия тафтишот бурда мешавад.