ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Сафири ҶТ Заробиддин Қосимӣ бо шоҳзода Валид ибни Талол ибни Абдулазиз оли Сауд, раҳбари ширкати ҳолдингии "Алмамлакат", дар шаҳри Риёз дидору гуфтугӯ кард.
Ба гузориши хадамоти иттилоотии Вазорати умури хориҷаи ҶТ, дар ин дидор масоили вобаста ба ҳамкорҳои иқтисодиву тиҷорӣ ва истифода аз захираҳои фаровони Тоҷикистон, ҳамчунин омӯзиши тарҳҳои судбахши сармоягузорӣ ва роҳу равишҳои иҷрои онҳо баррасӣ шудааст.
Вазорат ёдоварӣ карда, ки шоҳзода Валид бо 21 милёрд дулор сармоя соҳибкори хусусӣ ва яке аз сарватмандтарин касон дар ҷаҳон аст ва доираи фаъолиятҳои тиҷорӣ ва корҳои хайрияаш бисёр васеъ аст.
Сафири ҶТ ҳамчунин дар шаҳри Ҷидда бо шоҳзода Сауд ибни Абдулазиз ал-Файсал, раҳбари ширкати ҳолдингии "Ашшариф" низ дидор кард ва масоили ҳамкорӣ барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.
Шоҳзода бавижа ба бахши энержӣ ва дигар бахшҳои авлавиятноку судбахши иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Дар ин дидор қарор шуд, ки барои оғози ҳамкорӣ тафсилоти мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб минбаъд бо ширкати масъулину коршиносони Тоҷикистон баррасӣ шавад.