Вазири умури дохилаи Узбакистон пас аз 20 сол ба дидори ҳамтои тоҷикаш расид

© Фото : Аз равобити ВКД ҶТНишасти вазирони умури дохила
Нишасти вазирони умури дохила - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар чорчӯби нишасти вазирони корҳои дохилии кишварҳои ИДМ вазири корҳои дохилии Узбакистон Абдусалом Азизов бо вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамзон Раҳимзода дидор кард

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ вохӯрии Рамазон Раҳимзода бо ҳамтои узбакаш имрӯз, баргузор шудааст.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми дидор тарафҳо барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо ҷиноятҳои муташакили фаромиллӣ, аз қабили теруризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир  табодули афкор намуда, дар ин росто пешниҳоду таклифҳо карданд.

Баргузории нишасти Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои ИДМ ба густариш ёфтани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзо мусоидатхоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0