Ҳавопаймо аз кор афтод: парвози "Тоҷик-Эйр" аз Душанбе ба Маскав дер кард

© Фото : Сайт авиакомпании "Таджик Эйр"Самолет авиакомпании "Таджик Эйр", архивное фото
Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Парвози ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр" дар масири Душанбе-Маскав ба таъхир уфтод

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Мусофироне, ки бояд шоми 3 октябр аз пойтахти Тоҷикистон ба Маскав парвоз мекарданд, бо гузашти чандин соат ҳамчунон дар интизоранд.

Парвози ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр" дар масири Душанбе Маскав ба иллати фаннӣ ба таъхир уфтод. Гуфта мешавад, ки ҳавопаймо акнун таъмир карда мешавад.

Аз дигар сӯ, мусофироне, ки бояд бо ин ҳавомаймо аз Маскав ба Душанбе парвоз мекарданд, дар фурудгоҳи пойтахти Русия чашм ба роҳанд.

Яке аз мусофирони парвози Маскав-Душанбе субҳи имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишта, ки "ҳангоми сабти ном ба парвоз намояндаи шикрати "Тоҷик Эйр"-ро дучор шудем, ки мегуфт парвози мо ба таъхир уфтода, зеро яке аз қисмҳои ҳавопаймо аз кор мондааст".

Аэропорт в горах Хорога, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳавопаймои Хоруғ - Душанбе дучори садама шуд

Имрӯз субҳ намояндаи расмии "Тоҷик Эйр" далели аз кор уфтодани ҳавопайморо пора шудани шиланги системи обрасонӣ гуфта ва афзуда, ки агар дар се соат аз Душанбе парвоз накунад, мусофиронро бо дигар ҳавопаймо равон хоҳанд кард.

Ёдоварӣ мекунем, ки чунин ҳодиса чанде пеш дар ВМКБ низ рух дода буд. Он замон ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр", ки бояд аз Хоруғ ба Душанбе парвоз мекард, ба далоили фаннӣ аз роҳ бар гашта буд.

Он вақт ки яке аз мутурҳои ҳавопаймо ҳангоми аз замин бархостан аз кор монда ва он дар парвоз якпаҳлӯ гашта буд.

Ин масъули "Тоҷик Эйр" гуфта буд, ки мусофирони ин ҳавопаймо бо чархболе, ки Азизмуҳаммад Қурбонов, мудири фанни "Тоҷик Эйр" ва ҳайъати ҳамроҳашро ба Хоруғ оварда буд, Душанбе равон шуданд.

Лентаи хабарҳо
0