Ҳавопаймои Хоруғ - Душанбе дучори садама шуд

© Sputnik / Николай Козловский / Гузариш ба медиабонкАэропорт в горах Хорога, архивное фото
Аэропорт в горах Хорога, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳавопаймое, ки аз Хоруғ ба Душанбе парвоз мекард, ба далоили фаннӣ аз роҳ бар гашт

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Яке аз корбарони гурӯҳи фейcбукӣ  дар сафҳааш навишта, ки яке аз мутурҳои ҳавопаймо ҳангоми аз замин бархостан аз кор монда ва он дар парвоз якпаҳлӯ гаштааст.

"Ин ҳавопаймо 25 сарнишин дошт, ки аксарашон кӯдаканд. Фарзандони ман ҳам дар ин ҳавопаймо буданд. Худоро шукр, ки ҳарчанд ҳавопаймо дар ҳаво якпаҳлӯ шуд, вале тавонист ба фурудгоҳ бар гардад", — мегӯяд ин шоҳид.

Ҷузъиёти бештаре аз қазия маълум нест. Баробари дастрас шудани маълумоти бештар Sputnik Тоҷикистон онро мунташир хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0