Борон меборад: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© Sputnik / Амир ИсаевПразднование Навруза в Душанбе
Празднование Навруза в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз чоруми октябр ва дар аксари манотиқи ҳавои абрнок ва кишвар бориши борон пешбинӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Бино ба гузориши созмони обуҳавошиносии кишвар имрӯз, 4 октябр дар бештари минтақаҳои кишвар ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда дар баъзе ҷойҳо боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.

Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Барфу борон: боду ҳавои Тоҷикистон якбора тағйир меёбад

Тибқи додаҳои манбаъ, ҳарорат дар ғарби ВМКБ аз 18 то 23 дараҷа ва дар шарқи он аз 7 то 12 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, чангу ғубор ва раъду барқ ба амал меояд, борон меборад Ҳарорати ҳаво аз 21 то 26 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок пешбинӣ шуда, борон меборад, ҳарорати ҳаво аз 11 то 16 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Гармии ҳаво дар водиҳо шабона ба 9-14 ва рӯзона ба 19-24 дараҷа мерасад.

Дар Душанбе ҳаво абрнок ва бориши борон пешбинӣ шуда, ҳарорат шабона 12-14 ва рӯзона 21-23 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Лентаи хабарҳо
0