Азим Иброҳим аз омодасозии ВМКБ ба зимистон интиқод кард

© пресс-служба президента РТЦеремония поднятия Государственного флага в центре города Хорога
Церемония поднятия Государственного флага в центре города Хорога - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим аз амалкарди Ситоди омодасозии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба зимистон интиқод кард

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Азим Иброҳим раванди омодасозии ноҳияҳои вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба зимистонро нохушоянд арзёбӣ кард, гузориш медиҳад хабаргузории ТоҷикТА.

Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагон Қонуни конститутсионӣ дар бораи ВМКБ-ро ислоҳ кард

"Муовини нахуствазири ҶТ Азим Иброҳим дар ҷаласаи Ситоди омодасозии ноҳияҳои ВМКБ ба зимистон, ки дар шаҳри Хоруғ баргузор шуд, аз амалкарди ситодҳои вилоятӣ ва ноҳияҳо интиқод кард. Вай таъкид карда, ки ангишт ва хӯрок барои чорво камтар аз нақша захира шудааст", — гуфта мешавад дар гузориши ТоҷикТА.

Муовини нахуствазир ҳамчунин аз амалкарди кормандони идораҳои роҳдории вилоят низ интиқод карда, гуфтааст, ки то имрӯз онҳо танҳо 21 дарсад аз нақшаи пешбинишуда маводи сӯхт захира кардаанд.

Вай ҳамчунин гуфта шуда, ки дар ВМКБ барои зимистонгузаронии чорво хӯроки кофӣ захира нашуда ва дастур дода, ки то 15 октябр ин мушкил ҳалл шавад.

Лентаи хабарҳо
0