ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо фиристодани ёддошт ба Вазорати умури хориҷии Русия хостории баррасии дақиқ ва мунсифонаи қазияи лату кӯби шаҳрванди ҶТ Наврӯз Зикиров дар фурӯшгоҳи "Москва" шуд.
"Хоҳишмандем, ин қазияро дақиқ ва воқеъбинона баррасӣ карда, омилини онро ба посухгӯӣ бикашед", — гуфта мешавад дар ин ёддошт.
Сухангӯи сафорати ҶТ Сарвар Бахтӣ дар суҳбат бо Sputnik гуфт, "ин ёддошт рӯзи душанбе ба Вазорати умури хориҷии Русия супурда шудааст".
Ёдоварӣ мекунем, ки Наврӯз Зикиров — аробакаши фурӯшгоҳи "Москва", шаби 20-уми сентябр шадидан латту кӯб шуда буд. Ин қазия дар миёни коргарони тоҷики фурӯшгоҳ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ эътирози густардаеро бар по кард.