Қариб даҳ сол мешавад, ки дар Русия ба савдо машғулам. Дар ин муддат бо "қавонинҳои" бозорҳои калон хело хуб ошно шудаам. Аз бозори Черкез сар карда, то фурӯшгоҳи "Москва" савдогар шуда кор кардаам. Ҳоло дар фурӯшгоҳе, ки вақтҳои охир "машҳур" ва расонаӣ аст-фурӯшгоҳи "Москва" кор мекунам. Ҳамроҳи ман тоҷикони зиёде — ҳамшаҳриёнам ҳастанд.
Барги дарахт қадр дорад, тоҷик не
Рости гапро гӯям, қисми зиёди мардуми тоҷик дар фурӯшгоҳи "Москва" ароба мекашанд. Қисме дар савдо даст задаанду қисми дигаре фурӯшгоҳро тоза мекунанд. Хело муаассифам, аммо ҳақиқатро пинҳон кардан намехоҳам — дар бозор барги дарахт қадр дорад, аммо тоҷик қадр надорад. Зеро баъзан агар ягон ҳодиса рух диҳад, дар ҳама ҳолат тоҷикро гунаҳкор мебароранд.
Ҳодисае, ки ба наздикӣ бо як аробакаши тоҷик рух дод, маро водор кард, ки аз баъзе бешу камиҳои фурӯшгоҳ нақл кунам.
Тоҷик ба тоҷик ситам мекунад
Асосан аробакаш ва фаррошони бозорро чанде аз тоҷикони худамон роҳбарӣ мекунанд. Онҳо гӯё корманди маъмурияти фурӯшгоҳ ҳастанд. Дар фурӯшгоҳи "Москва" Ҳоҷӣ Самад ном як тоҷик роҳбари аробакашон аст. Ӯ кормандони худро дорад, ки онҳо бригадиранд. Лекин касе аз онҳо тавони ҳал кардани баъзе мушкилиҳои тоҷиконро надорад, ки дар рафти кор сар мезанад. Аммо фикр намекунам, ки дар қазияе, ки чанде пеш бо як аробакаши тоҷик шуд, онҳо даст дошта бошанд.
Аробакаш шудан осон нест
Дар бозор садҳо аробакаши тоҷик кор мекунад. Хело зиёданд. Қариб ҳамаи аробакашони бозор тоҷикистониёнанд. Рости гап, кори онҳо хело вазнин аст. Аз соати 5-и саҳар дар бозоранд. Зимистон барф тоза мекунанд ва ҳар якашон аробаҳои калон калонро бо борҳои вазнин мекашонанд. Аммо аробакаш шуда ба кор даромадан, дар бозор осон нест. Оё медонед, ки инҳо барои ҳамин аробаҳои вазнинро кашидан, аввал аз роҳбарияти бозор сар карда, то ҳамин бригадирҳои тоҷик пул медиҳанд? Баъд "шаҳодатнома"-и аробакаширо ба даст мегиранду ҳамёни худро маҳкам барои боркашӣ мебанданд. Аҷиб?! Илова бар ин барои ҳар рӯзи корияшон аз 500 то 700 рубл "андоз" месупоранд. Ба кӣ? Ҳоло нақл мекунам. Шитоб накунед.
"Андозгири"-ро аз аробакашон ҳамин бригадирҳои тоҷики худамон "ихтироъ" карда буданд. Маъмурияти бозор аз ин даромади роҳбарони аробакаши тоҷик дар аввал хабар надоштанд. Маъмурият аз бригадирҳои тоҷик талаб мекард, ки кор бо низом бошад ва фурӯшгоҳ тоза, аммо аз "андоз" фикр ҳам накарда буд. Ҳамин вақт ҳам худамон "зиракӣ" кардем. Бригадирҳо ба сари ҳар як аробакаш "андоз" бастанд. Аз ин роҳбарияти бозор ҳам хабардор шуд. Ин тиҷорати ихтироъкардаи бригадирҳои тоҷикро онҳо муфтакак кашида гирифт. Яъне акнун аробакашон ҳамон "андоз"-ро "қонунӣ" ба маъмурияти бозор месупоранд ва иҷозаи кор барои як рӯз мегиранд. Ин "иҷозатнома" дар бозори "Садовод 500 рубл ва дар фурӯшгоҳи "Москва" 700 рубл меистад.
Наврӯзро касе намешинохт
Дар қатори ин қадар тоҷикон шояд Наврӯз ҳам як аробакаши оддӣ буд. Агар ин ҳодесае, ки то ҳол на он қадар равшан аст, рух намедод, касе аз вай хабардор набуд ва ӯ ҳам корашро кардаву зиндагиашро меҷунбонид. Ба шунавидаи ман вай аробакаше буд, ки дар бозор иштибоҳ карда бору аробаро ба дигар тараф бурд ва барои ин ҷазо гирифт.
"Москва" ба ашки муҳоҷирон бовар намекунад
Ҳодисаи лату кӯби аробакаш гӯё, ки гузашт, дар ҳоле, ки мардум дар асл намедонад, ҳоло вай куҷост. Лекин ҳама итминон пайдо карданд, ки вай зинда аст ва кушта шудани ӯ овозае беш набудааст. Қисме мегӯянд вай дар Москва аст, қисме мегӯянд аз ин ҳама гапу гапчаҳо ба Ватан фирор кард. Шояд зинда будани як ҳамватанашон мардумро каме ором кард. Ҳоло дар фурӯшгоҳ ҳама ба кори худ овораанд. Лекин ин қазия таъсири калони худро барои тоҷикон гузошт. Боз барои тоҷикон. Ба шунавидани ман 30 тоҷикро пас аз қазия аз кор гирифтанд. Ҳоло барои омодаи баъзе ҳуҷҷатҳо ба тоҷикон мушкилӣ пайдо шуд. Вазъи мушкили тоҷикони фурӯшгоҳ, боз ҳам печидатар гардид.
Шояд пас аз хондани қиссаи ман, Шумо пурсед: Худат кӣ? Ман як савдогари тоҷики фурӯшгоҳи "Москва" ҳастам, ки агар пас аз нақли "ҷонгудози" ман, ақалан муносибати ҳамон бригадиру роҳбарони аробакаш, ки худ тоҷиканд бо зердастони тоҷикашон хуб шаваду каме аз ҳуқуқи онҳо ҳимоя карданро ОМӮЗАНД, бо наворе дар расонаҳо худро нишон медодаму пас аз он ҳаволамро бар Худо мекардам…