Раисҷумҳури Тоҷикистон аз боғи бунёдкардааш боздид кард

© Фото : Аз хадамоти матбуотии раисҷумҳурЭмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Хуросон
Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Хуросон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Боғи "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат"-ро раисҷумҳур 23 феврали соли 2016 дар майдони 160 гектар дар ҳудуди Хоҷагии фермерии "Асадулло" бунёд карда буд

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ва рафти корҳои саҳроӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон рафт.

Боздиди раисҷумҳур аз Боғи намунавии интенсивии ба номи "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат" оғоз гардид.

Ин боғро раисҷумҳур 23 феврали соли 2016 дар майдони 160 гектар дар ҳудуди Хоҷагии фермерии "Асадулло" бунёд шудааст. Бо таъсиси боғи нав беш аз 300 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гардиданд.

Мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон солҳои пешин бо иқтидори азими истеҳсолӣ ва фаъолияти намунавии худ хеле машҳуру овозадор буд ва тайи солҳои охир бо супоришу раҳнамоии Эмомалӣ Раҳмон барқарорсозии боғу токзори харобгаштаи он дубора оғоз ёфта, боғу токзори нави намунавӣ бунёд меёбанд.

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон дар Хуросон
Эмомалӣ Раҳмон дар Хуросон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон дар Хуросон

23 феврали соли 2016 дар Боғи намунавии интенсивии ба номи "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат"  бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дарахтони себ ва 4 марти соли 2017 дар 6 гектари ҳамин боғ 3000 адад ниҳоли олу шинонида шуда буд.

Аз бештар аз 200 гектар боғи интенсивии себ 80 гектараш дар боғи "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат" шинонида шудааст, ки нашъунамои хуб дорад.

Дар Хоҷагии фермерии Асадулло давоми шаш соли охир беш аз 1700 гектар боғу токзори нав бунёд гардид. Дар боғи интенсивии себ 30 намуди ниҳоли дарахти себ, аз ҷумла Новелла, Даря, Эрлимак, Редфрӣ, Дейтон, Прима, Флорина, Либертӣ, Голдраш, Чемпион, Пинова, Фуджӣ, Грани Смит ва ғайра шинонида шудааст.

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон - Sputnik Тоҷикистон
Сафари корӣ идома дорад: раисҷумҳур ба ноҳияи Хуросон рафт

Дар маҷмуъ боғу токзори хоҷагӣ беш аз 2000 гектарро ташкил медиҳад. Дар 5 соли оянда меҳнаткашони хоҷагӣ мақсад доранд боз садҳо гектар боғи нав бунёд намоянд.

Дар ин хоҷагӣ 10 намуди ангур ва дар ҳазорҳо гектар навъҳои содиротии себ, нок, зардолу, шафтолу, гелос, олу, олуболу, олуча, чормағз, бодом, анҷир, анор, тут, писта, биҳӣ, челон ва лиму ва дарахтони сояафкану ороишӣ шинонда шудааст.

Хоҷагӣ дар ихтиёри худ ҳамчунин қитъаи ниҳолпарварӣ дорад ва имкон аст, ки худ ва дигар хоҷагиҳои боғутокпарвариро бо навниҳолҳои хушсифат таъмин намояд. Боғу токзор ва зироатҳои обталаби ин мавзеъ бо истифода аз технологияҳои муосир ба тариқи қатрагӣ обёрӣ карда мешаванд.

Ҳамчунин бо дастгирии Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагӣ 60 оилаи занбур дастрас карда шуд.

Дар ҳудуди хоҷагӣ ду сардхонаи калон бо иқтидорҳои 300 ва 1000 тонна мавҷуд аст. Айни ҳол меҳнаткашони хоҷагии фермерии "Асадулло" ба ҷамъоварии ҳосили олу, себ, челон ва ангур машғул мебошанд ва ба хотири талаф наёфтани ҳосил онро дар сардхонаҳо нигоҳубин менамоянд.

Раисҷумҳур ҳангоми суҳбат бо хоҷагидорон дастур дод, ки ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода баранд. Бино ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Хуросон имкон фароҳам аст, ки ба хориҷи кишвар ба ғайр аз меваю сабзавоти тару тоза ва хуштамъ, инчунин маҳсулоти консервашуда содирот гардад. Аз ин хотир Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар ҳудуди ноҳия корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ташкил карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0