Сафари корӣ идома дорад: раисҷумҳур ба ноҳияи Хуросон рафт

Обуна шудан
Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сафар кард

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон кишвардори Тоҷикистон имрӯз бо мақсади шиносоӣ ба вазъи зисту зиндагонии сокинон ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.

Бино бар иттилои манбаъ, сарвари давлат дар ноҳияи  Хуросон нахуст бо ҷараёни  кишти такрорӣ  дар Хоҷагии деҳқонии ба номи "Бобои Сайфиддин"-и Ҷамоати деҳоти "Садриддин Айнӣ" шинос гардид. Хоҷагии мазкур 10 гектар замини обиро дар ихтиёр дорад, ки дар майдони 0,30 гектари он пас аз гирифтани ҳосили якум аз гандум дигар зироату сабзавот, аз ҷумла карам, сабзӣ ва қулфинай такроран кошта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол барзгарони ин хоҷагӣ аз ҳамаи навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Аз ҷумла, дар ноҳия деҳқонон аз як гектар замини обӣ то  52 сентнерӣ ҳосили гандум рӯёндаанд. Дар маҷмўъ дар миқёси ноҳияи Хуросон аз майдони умумии 4 ҳазору 975 гектар замин 17 ҳазору 550 тонна ҳосили гандум ғундошта шудааст.

Дар Қубодиён барои раисҷумҳур маҳсулоти кишоварзии ноҳияро ба намоиш гузоштанд - Sputnik Тоҷикистон
Аз подоши раисҷумҳур ба духтари хатлонӣ то ...: гузориши тасвирӣ аз сафари кории Эмомалӣ Раҳмон

Дар ин хоҷагӣ раисҷумҳур ба ҷамъоварии пахта расман ҳусни оғоз бахшид. Иттилоъ дода шуд, ки соли дуюм аст дар ин хоҷагӣ дар майдони 5 гектар пахтаи навъи "Хатлон-2014" кишт мегардад, зеро он ба иқлими ин минтақа мутобиқ буда, деҳқонон аз ҳар як гектар замини кишт аз 40 то 50 сентнерӣ ҳосил мегиранд.

Дар назди заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти ба номи "Садриддин Айнӣ" намоиши дастранҷи деҳқонон, маҳсули дасти ҳунармандон ва дастовардҳои соҳаи саноати ноҳияи Хуросон ба маърази дид гузошта шуд. Дар саҳни намоиш Эмомалӣ Раҳмонро  кадбонуҳои чирадасти ноҳия бо  нонҳои  тоҷикӣ пешвоз гирифтанд.

Дар намоиш инчунин дигар хӯрокҳои миллӣ ва маҳсулоти қаннодӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд. 22 намуди меваи  хушсифати содиротӣ, ба монанди себ, ангур, олу, бодом, нок, биҳӣ ва  шафтолу, ки ҳамаи ин маҳсулоти кишоварзӣ дар Хоҷагии фермерии ба номи "Асадулло" парвариш карда мешаванд, ба намоиш гузошта шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0