Дар посух ба курдҳо: Эрону Туркия ҳамкориҳои низомии худро густариш медиҳанд

© REUTERS \ Turkish MilitaryВстреча Глава турецкого штаба генерал Хулуси Акар с генерал-майором Мохаммадом Бакери в Тегеране
Встреча Глава турецкого штаба генерал Хулуси Акар с генерал-майором Мохаммадом Бакери в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нерӯҳои мусаллаҳи Эрону Туркия дар заминаи мубориза бо теруризм ҳамкориҳои густардае хоҳанд дошт

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Эрону Туркия ҳамкориҳои густардае дар заминаи омӯзишҳову размоишҳо, табодули таҷруба ва мубориза бо теруризм хоҳанд дошт, гуфт сардори Ситоди кулли НМ ҶИЭ сарлашкар Муҳаммад Боқирӣ.

Мухаммед Джавад Зариф . Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Эрон ҳамапурсии ҷудоии Курдистон аз Ироқро "иштибоҳи бузург" мешуморад

Сарлашкар Боқирӣ дар нишасти расонаӣ бо ҳамтои туркаш артишбад Ҳулусӣ Окор, ки бо сафари расмӣ дар Теҳрон қарор дорад, гуфт: "Дар мавриди таҳдидоти муштараки ду кишвар ва ҳамчунин масъалаи ҳамапурсӣ дар иқлими Курдистони Ироқ бо таъкид бар ҳифзи якпорчагии Ироқ ва напазируфтани ҳамапурсӣ музокира кардем".

Сардори Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Туркия низ гуфт: "Афзун бар равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ кӯшиш мекунем равобити низомиро ҳам густариш диҳем. Бавижа, дар заминаи муқобила бо теруризм ва амнияти марзҳо ба тавофуқоте расидем ва барои густариши ҳамкориҳо талош мекунем".     

 

Лентаи хабарҳо
0