ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Ҳайъати мушовараи Вазорати фарҳанг ба овозхони номдор ҳофизи халқии Тоҷикистон Душанбе Паллаев изҳори ҳамдардӣ кардааст.
"Ҳайъати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати вафоти Ҳофизи халқии Тоҷикистон Душанбе Паллаев андӯҳгин буда, аз номи аҳли фарҳангу ҳунари кишвар ба наздикону пайвандони марҳум изҳори тасаллият менамояд", омадааст дар номаи таслят.
Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шуравӣ Ҷӯрабек Муродов дар гуфтугӯ бо Sputnik Тоҷикистон Душанбе Паллаевро "ҳунарпешаи барҷаста ва ҷовидном" хонду гуфт: "Чуноне, ки Рӯдакӣ мефармояд, ҳеч талхӣ нест бар дил талхтар, аз фироқи дӯстони пурҳунар. Аз ин ки чунин ҳунарпешаи хубе моро зуд тарк карда, бисёр ғамгинам. Ӯ на танҳо овозхони соҳибном, балки оҳангсози тавоное низ буд. Даргузашташро ба хонаводааш ва ҳама мардуми Тоҷикистон таслият мегӯям. Аз даст додани чунин ҳунарпешае зоеъае ҷуброннопазир аст".
Вай гуфт, осору овози Паллаев ва меҳраш дар дили дӯстдорони ҳунараш номашро ҷовидон хоҳанд кард.
Ёдоварӣ мекунем, ки Душанбе Паллаев — Ҳофизи халқии Тоҷикистон рӯзи 27 сентябр бар асари бемории қалб вафот кард.
Душанбе Паллаев дар гурӯҳи созу овози "Навои Бадахшон" фаъолият дошт ва яке аз хонандаҳои шинохтаи таронаҳои мардумӣ буд.
Ин овозхони номдор моҳи сентябри соли 2012 бо фармони раисҷумҳур унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистонро дарёфт кард.