ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Ҳаётой Муъминова дар сафҳаи фейсбукии худ ҳамдардияшро бо писари овозхони номдор Душанбе Паллаев — Фирӯз Паллаев изҳор кардааст.
"Фирӯзҷон, ҳамдардии маро қабул кунед, ғамшарикам бо шумо ва ба аҳли пайвандон сабри ҷамил мехоҳам… Устод Душанбе Паллаев яке аз сарояндагони нотакрору беҳамто, инсони комил буданд ва хотираашон ҳамеша ҳамингуна мемонад. Ёдашон гиромӣ. Худо раҳмат кунад", — навиштааст ин овозхон.
Душанбе Паллаев — яке аз номдортарин овозхонҳои Тоҷикистон субҳи имрӯз, 27 сентябр бар асари бемории қалб вафот кард.
Душанбе Паллаев дар гурӯҳи созу овози "Навои Бадахшон" фаъолият дошт ва яке аз хонандаҳои шинохтаи таронаҳои мардумӣ буд.
Ин овозхони номдор моҳи сентябри соли 2012 бо фармони раисҷумҳур унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистонро дарёфт кард.