ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, дар иҷлосия нахуст, оид ба ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" муовини аввали раиси шаҳр Хайрулло Ғайбуллозода маърӯза намуд.
Ғайбуллозода афзуд, ки дар шаҳри Хуҷанд дар давоми нӯҳ моҳи соли 2017 мувофиқи маълумоти оморӣ 2180 адад маърака ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора, 1097 адад тӯи домодию арӯсӣ, 859 адад маъракаи хатнасур, 149 адад маъракаи чил ва 75 адад маросими сол гузаронида шудааст.
Шумораи чорвои забҳшуда 115 сар буда, хароҷоти маъракаҳои гузаронидашуда ба таври умумӣ тақрибан 12 миллиону 829 ҳазору 600 сомониро ташкил дода, ба ҳар як сари тақрибан 5885 сомонӣ рост меояд.
Сипас вакилон Мадина Набизода, Мӯҳсин Исобоев ва Алиҷон Одинаев ба музокира баромада, андешаи хешро ҷиҳати амалишавии воқеъии қонуни мазкур иброз намуданд.
Дар иҷлосия ҳамзамон муовини якуми Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода баромад намуда, таъкид кард, ки вакилони шаҳр пеш аз ҳама ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" фаъолнокӣ зоҳир намуда, тадбирҳои саривақтӣ ва муҳим андешанд.