Эъломи зархаридони ҷанги шаҳрвандӣ дар пайгарди Интерпол

© Фото : Аз равобити умумии ВКД ҶТРамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилии Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз давлатҳои мухталиф зархаридон фаъолият намуда, амалҳои диверсионӣ-террористӣ анҷом медоданд.

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ин нуқтаро вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни суханронӣ дар 86-умин Ассамблеяи Генералии Интерпол, дар шаҳри Пекин гуфт.

"Мо тибқи талаботҳои меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва расмиёти пешбининамудаи Интерпол онҳоро ба кофтукови байналмилалӣ эълон намудаем", — гуфт вазир.

Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раҳимзода: созмонҳои теруристӣ аз суди қочоқи маводи мухаддир сармоягузорӣ мешаванд

Ба гуфти Рамазон Раҳимзода, Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳо дар собиқ давлатҳои шӯравӣ аст, ки бо мушкилоти терроризм ва экстремизм дучор гардида буд.

Дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз давлатҳои мухталиф зархаридон фаъолият намуда, амалҳои диверсионӣ-террористӣ анҷом медоданд.Мо тибқи талаботҳои меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва расмиёти пешбининамудаи Интерпол онҳоро ба кофтукови байналмилалӣ эълон намудаем.

Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки  чунин ҳамоиши сатҳи баланд метавонад ҳамчун заминаи мусоид барои муҳокимаи масъалаҳои муқовимат бо таҳдиду хатарҳои замони муосир гардад, ки танҳо дар ҳамбастагию ҳамкорӣ метавон бар зидди онҳо мубориза бурд.

Лентаи хабарҳо
0