Иқтисоду тиҷорат: мулоқоти дипломатҳои тоҷик бо намояндагони Куриё

© Фото : Аз равобити умумии ВУХ ҶТДидори дипломатҳои тоҷик бо ҳамтоёни курегиашон
Дидори дипломатҳои тоҷик бо ҳамтоёни курегиашон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дипломатҳо рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дӯстона ва тавсиаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузориро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВУХ, рӯзи 29 сентябр мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо ҳайати кореягӣ таҳти сарварии муовини аввали вазири корҳои хориҷии Куриё Лим Сонгнам доир гардид.

Ба иттилоъи манбаъ, зимни суҳбат масоили  мубрами муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Корея дар чаҳорчӯби ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ ва форумҳо баррасӣ шуданд.

КЧС Таджикистана передана новая медицинская техника - Sputnik Тоҷикистон
Наҷотдиҳандагони тоҷик аз Куреи Ҷанубӣ корафзорҳои фаннӣ дарёфт карданд

Ҳангоми мулоқот ҷонибҳо ба тақвияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Корея оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ, ҳамчун василаи самарбахши ҳамкориҳо ишора карданд.

"Дар ин росто зарурати истифода аз имконият ва иқтидорҳои зиёди мавҷуда ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дӯстона ва тавсиаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ қайд гардид", — омадааст дар хабарнома.

Дар мулоқот ҳамчунин, масоили таъмини амният ва субот дар минтақа ва ҷаҳон баррасӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0