ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар маросиме, ки имрӯз дар дафтари Кумита баргузор шуд, ин корафзорҳоро сафири Тоҷикистон дар Куреи Ҷанубӣ Ю. Шарифзода ба раҳбарону кормандони он супурд.
Бино ба гузориши равобити умумии Кумита, ин кумакҳо бебозгашт буда, аз корафзорҳои пизишкӣ ва барқафзорҳои манекенӣ, ҷаъбаҳои кумакҳои аввалия, торларзабарҳо (дефибриллятор), дастгоҳҳои тапишсоз (кардиостимулятор), термосканҳо, занбарҳои мутаҳаррик ва ғайра иборат ҳастанд.
Бо ин таҷҳизот бемористони ҳарбӣ ва воҳидҳои наҷоти Кумита муҷаҳҳаз карда хоҳанд шуд.
Дар ин маросим роҳбарии Кумитаи авзоъи изтирорӣ аз ҳукумати Куреи Ҷанубӣ сипосгузорӣ кард ва хостори густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии пешомадҳои фавқулода шуд.