Боздошти муҳоҷирони тоҷик дар назди фурӯшгоҳи "Москва"

Обуна шудан
Муҳоҷирони тоҷик пас аз лату кӯби Наврӯз Қаримов ва чанди дигаре аз аробакашони фурӯшгоҳи "Москва" тазоҳуроте ба амал оварданд

Шаби 20-ум чанде аз муҳоҷирон бо нишони эътироз бар лату кӯби аробакаши тоҷик Наврӯз Каримов дар назди фурӯшгоҳ ҷамъ омаданд.
Онҳо талаб доштанд, ки далели "куштори" Нарвӯз Каримов шарҳ дода шавад.

Дертар мақомотҳои расмии Русия ва ниҳодҳои Тоҷикистон дар Русия иттилоъ доданд, ки Наврӯз Каримов зинда аст ва дар бемористон қарор дорад.

Нисфирӯзии 21-уми сентябр муҳоҷирон дубора дар назди фурӯшгоҳ ҷамъ омаданд ва талаб карданд, ки масъилин далели лату кӯби аробакаши тоҷикро шарҳ диҳанд.
Пулиси Русия ин тазоҳуротро ғайриқонунӣ гуфт ва аз мардум даъват кард, ки пароканда шаванд. Баъде чанде аз ин даъватҳои ба ҷойи ҳодиса кормандони мақомотҳои қудратии Русия расиданд.

Вакилони Маҷлиси Русия гуфтаанд, ин бесарусомониҳо баҳонае барои бозбинии қонуни муҳоҷиратии Русия мешавад.

Лентаи хабарҳо
0