ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ҷудокори номии тоҷик Расул Боқиев, дорандаи медали биринҷии Бозиҳои Олимпии соли 2008 ва чандин Ҷоми ҷаҳон, қаҳрамони куштии ҷаҳон, имрӯз 35-сола шуд.
Ба ин муносибат Sputnik Тоҷикистон қарор дод мусоҳибаеро, ки бо Расул Боқиев дар бораи ташкили мактаби самбо дар Маскав дошт, бознашр кунад.
Шаҳраки Олимпӣ (Олимпийская деревня) ноҳияест дар Маскав. Садҳо сохтмони баландошёна, даҳҳо фурӯшгоҳу мактабу кӯдакистон дар ин минтақа ҷой гирифтаанд.
Дар канори онҳо маҷмааи варзише қомат афрохтааст, ки ҳанӯз аз давраҳои Бозиҳои Олимпии соли 1980 машҳур аст, қомат афрохтааст. Волидайн фарзандони худ- қаҳрамонони ояндаро ба ин ҷо барои тамрин меоранд.
— Шумо метавонед ба мо бигӯед, ки мактаби дзюдои Расул Боқиев дар куҷо аст, суол кардем аз маъмур.
— Ана бачаҳо ба назди ӯ ба тамрин мераванд, аз пушти онҳо онҳо равед.
Чуноне маълум шуд, инҳо дермондаҳо буданд. Тамрин аллакай шурӯъ шуда буд. Расул Боқиев дастур медод, ки чӣ гуна машқҳоро бояд анҷом дод. Кӯдакон гӯш мекараданд, маълум буд, ки ҳама ҳаракатҳои варзишӣ ба онҳо писанд аст. Ба пеш, ба ақиб, "давр занед", давед…
Мо тасмим гирифтем, ки ба онҳо халал нарасонида, аз як тараф ҷараёни тамринро мушоҳида намоем. Гузашта аз ин, мо бояд навор мебардоштем ва акс мегирифтем.
Чашмамон ба ҷевони калони шишагӣ, ки дар толор ҷойгир буд афтод.
Дар дохили ҷевон нишону ҷом ва ифтихорномаҳои Расул Боқиев қатор гузошта шудаанд.
Ҷоизаҳои варзишии Расул Боқиев
Дар ҳамин лаҳза нафаре ба назди мо омад, маълум, ки аз ҳамаашон бузургсолтар аст. Дар танаш кеманои "номӣ", ки дар пушташ тарҳи насабаш намудор буд.
Маълум шуд, ки ӯ дар дигар гурӯҳ машқ мекунад, фақат каме барвақт омадааст.
— Иван (ном иваз шудааст-шарҳ аз идора), муроҷиат кардам ба ӯ. Лутфан бигӯ, шумо чӣ қадар вақт ба тамрини дзюдо машғул ҳастӣ?
— Ду сол. Вале пештар дар назди дигар мураббӣ тамрин мекардам. Ин ҷо ба ман бештар писанд аст.
— Барои чӣ ту маҳз дзюдоро интихоб намудӣ?
— Мехоҳам зӯр ва ҷасур бошам.
— Барои чӣ зӯр будан мехоҳӣ?
— То хешону пайвандонамро муҳофизат намоям.
— Чанд сол дорӣ?
— Ҳаштсолаам. Дар синфи дуюм таҳсил мекунам.
Ин лаҳза машқ анҷом ёфт ва лаҳзаи сӯҳбат бо Расул Боқиев фаро расид.
— Қаблан ман дар мактаби Самбо-70 тамрин мекардам. Ҳамроҳам директори Шаҳраки Олимпӣ- Дмитрий Кузнетсов низ ба машқи бадан машғул мешуд. Маҳз ӯ ба ман пешниҳод намуд, то мактаби бо номи "Расул Боқиев"-ро дар Шаҳраки Олимпӣ таъсис бидиҳам.
— Оё варзишгарони номдорро ба мактабатон даъват мекунед?
— Албатта. Масалан, дорандаи ҷоизаи Бозиҳои Олимпӣ, қаҳрамони чандкаратаи ҷаҳон дар риштаи дзюдо Александр Михайлин ин ҷо машқ мекунад. Ин аз он дарак медиҳад, ки мактаби дзюдои Расул Боқиевро аллакай мешиносанд ва арҷ мегузоранд.
— Шумо аллакай мураббӣ шудед. Гуфтан мумкин аст, ки фаъолияти варзишии шумо ба анҷом расид. Чӣ эҳсосе доред, ки натавонистед Қаҳрамони олимпӣ шавед?
— Ғамгин нестам. Дар шароите, ки ман қарор доштам ба пуррагӣ қобилияти худро истифода намудам. Ба ман даст надод, то медали "тилло" бигирам, вале ин ҳам бо гуноҳи худам. Дар бозиҳои Олимпӣ ман соҳиби нишони биринҷӣ гардидам, яъне қобилияти ман то ҳамин дараҷа аст. Фикр мекунам, маъно надорад фикр кардан, "чӣ мешуд агар". Озурда шудан лозим нест, ҳамаро чуноне, ки ҳаст бояд қабул кард.
— Беҳтарин лаҳзаи варзишиатонро дар ёд доред?
— Албатта, ин Бозиҳои Олимпии соли 2008 мебошад. Ман натавонистам медали "тилло" бигирам, вале ин бо гуноҳи худам. Бояд боҳуштар мебудам ва аз ҷиҳати истифодаи "тактика" фаъолтар. Ман солҳои зиёд дар Тоҷикистон ба гуштигирӣ машғул будам. Ба амалҳои бапуштзанӣ одат карда будам, бояд "тактика"-ро низ хуб аз худ мекардам. Рақибам аз ман чолоктар буд…
— Шояд фаъолияти варзишиатонро дар бахши муҳориба бидуни қоида идома диҳед?
— Ин намуди варзиш бароям шавқовар нест. Боре маро ба муҳориба даъват намуда буданд. Ман он ҷо мушоҳида кардам, ки чӣ гуна ду марди азимҷусса якдигарро мезананд. Наонқадар намуди хуби варзиш аст. Дзюдо-гапи дигар, ин намуди зебои варзиш аст, ки фалсафаи худро дорад.
— Дар бахши сиёсат худро санҷиданӣ нестед, монанди ҳамкоратон Дмитрий Носов (дорандаи медали биринҷии Бозиҳои Олимпии 2004, вакили Думаи ФР-шарҳ аз идора.)?
— Ман дар майдон мутахассисам. Кореро, ки ман анҷом медиҳам ба ман писанд аст. Бароям шавқовар аст таҷрибаи худро ба кӯдакон омӯхтан. Ман мехоҳам шогирдонам боиси ифтихори ман ва мактаби Шаҳраки Олимпӣ гарданд. Бо ин роҳ ман метавонам миннатдории худро ба нафароне, ки ба ман бовар карданд, баён намоям.
— Шумо тайи чанд соли охир дар Русия кору зиндагӣ мекунед. Тоҷикистонро ёд накардаед?
— Зиндагӣ ҳамин тавр сурат гирифт, яъне онро бояд имрӯз ва дар ҳамин ҷо қабул кард. Имрӯз ман ба машқ додани кӯдакон машғулам ва миннатдории худро ба нафароне, ки дар ин роҳ ба ман кӯмак карданд, то худро дар зиндагӣ пайдо кунам, баён менамоям. Дар Тоҷикистон мураббиёни соҳибихтисос ҳастанд. Боварӣ дорам, ки онҳо муваффақ мешаванд.
— Хуб, агар варзишгар аз Тоҷикистон ба наздатон барои тамрин биёяд, қабул мекунед?
— Албатта. Ман дар мактабам ҳамаро қабул мекунам. Варзишгари номӣ ё навомӯз. Аз ҳама муҳимаш ман бояд донам, барои чӣ ӯ назди ман меояд. Ӯ хоҳиши қаҳрамон шудан дорад, ё танҳо қавӣ будан. Ин ба муайян кардани ҷараёни тамрин кӯмак мекунад.
Ва агар намояндаи мактаби Расул Боқиев дар мусобиқа дастболо гардад, яъне мо дар роҳи рост ҳастем.