Ин дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ, устоди варзиши ҶТ, қаҳрамони ҷудои Русия мегӯяд: "Барои ман Ислом мақоми аввалро дорад. Вазъи руҳӣ барои варзишкор бисёр муҳим аст. Аз ин рӯ, ман пеш аз ҳама худро аз ҷиҳати равонӣ такмил медиҳам".
"Эътиқод ҷузъи аслии зиндагии ман аст. Ман бовар дорам, ки зиндагии дунявӣ гузаранда ва охират ҷовидонӣ аст", — мегӯяд Расул Боқиев.
Вай афзуд, ки варзишро ҳам аз барои ислом пеша кардааст, зеро эътиқод ӯро дар зиндагӣ қавиирода мегардонад.
Расул мегӯяд ҳамвора машғул ба омӯзиши усули ислом аст ва онро на аз касе ё руҳоние меомӯзад, балки худомӯзӣ дорад ва донишашро такмил медиҳад.
"Дар эътиқоди хеш пеш аз ҳама ба омӯзиши дин машғул мешавам. Ман ба гуфтаи касе кор намекунам, балки худам эътиқодамро такмил медиҳам ва пайваста ба мутолиа машғул мешавам", — мегӯяд вай.
Ин варзишкор, ки дар хонаводаи паҳлавон зода шудаву парвариш ёфтааст, мегӯяд дар хурдсолӣ ӯро маҷбур мекарданд варзиш кунад, аммо дертар худ роҳи варзишкориро пеш гирифт.
"Аммо бе эътиқод машғул шудан ба варзиш маъное надошт. Дар 13-14-солагӣ тағйироти руҳониеро аз сар гузарондам ки дар баробари варзиш бароям ҷаҳони дигареро ошкор кард, ки эътиқод ба ислом аст", — мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи вай, ҳолати руҳонии инсон боис мешавад, ки рухдодҳои зиндагиро сарфи назар аз ин ки шодиовар бошанд ё ғамангез, аз Худованд донад ва ба ояндаи нек умед бандад.
"Ман аз шикаст ҳарос надорам. Зеро, фикр мекунам, агар Худованд касеро аз чизе маҳрум кард, он аз они вай нест ва Худо барояш аҷри бештаре ва беҳтаре медиҳад", — гуфт дар поён Расул Боқиев.
Расул Боқиев 29 сентябри соли 1982 дар ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) дар хонаводаи паҳлавони шинохтаи тоҷик Худойназар Боқиев ба дунё омадааст.