Чангу ғубор: боду ҳавои Тоҷикистон барои 28-29 сентябр

© SputnikТуман в Душанбе, архивное фото
Туман в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзҳои 28-29 сентябр дар вилояти Суғд ҳавои ноустувор, дар минтақаҳои ҷанубӣ ва марказии ҷумҳурӣ вазиши боди сахт ва баамалоии чангу ғубор пешгӯӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Ба гузориши созмони обуҳавошиносии Тоҷикистон, пастшавии ҳарорат аз 29 сентябр оғоз ёфта, дар водиҳо шабона 4-9, рӯзона 10-15 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона то 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз, 27 сентябр дар ноҳияҳои ҷануби кишвар обуҳавошиносон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ менамоянд. Ҳарорат дар водиҳо ба 36 дараҷа мерасад. Ҳаво дар шимоли кишвар абрноки бебориш шуда, ҳарорат рӯзона 32 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 19 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Обуҳавошиносони кишвар пастшавии ҳарорат ва ҳавои абрноки беборишро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ пешгӯӣ мекунанд.

Дар шарқ ва ғарби вилоят ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешбинӣ шуда, дар ғарби вилоят 22-27 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳарорат ба 14 дараҷа мерасад.

Жара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдор аз КҲФ: ҳаво дар Суғд 41 дараҷа ва дар Хатлон 44 дараҷа гарм мешавад

Дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавошиносон ҳавои абрнок ва беборишро пешгӯӣ мекунанд. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 33 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар пойтахт 32 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, 29 сентябр дар ноҳияҳои ҷануб ва марказии кишвар бо сабаби вазиши боди сахт чангу ғубор ба амал меояд.

Лентаи хабарҳо
0