Изҳороти тунди Эрдуғон алайҳи ҳамапурсии ҷудоӣ дар Курдистони Ироқ

© AFP 2023 / ADEM ALTAN ADEM ALTANРеджеп Тайип Эрдоган. Архивное фото
Реджеп Тайип Эрдоган. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Туркия дар вокуниш ба баргузории ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистон аз Ироқ тасреҳ кард: Кишвараш иҷозаи интиқоли нафти ин минтақаро аз хоки Туркия намедиҳад

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон баргузории ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистон аз Ироқро "ғайриқонунӣ" хонду гуфт: Туркия ин ҳамапурсиро номашруъ медонад ва ба ҳеч ваҷҳ онро ба расмият нахоҳад шинохт. Раисҷумҳури Туркия афзуд, аз назари Анкара, ҳифзи тамомияти арзии Ироқ бисёр муҳим аст.

Эрдуғон Курдистонро бо "иқдомоти танбеҳӣ" бим дод ва гуфт: "Мехоҳем бидонед, Туркия дар сатҳи сиёсӣ, тиҷорӣ ва амниятӣ ҳар иқдоме лозим бошад, иттихоз хоҳад кард. Ҳамин ҳоло ҳам нерӯҳои низомии мо дар марзҳои шимоли Ироқ мустақар ҳастанд. Нерӯи ҳавоии Туркия ҳам дар ҳоли ҳозир дар омодабоши комил аст. Анкара ҳаргиз иҷозаи идомаи содироти нафти минтақаи Курдистони Ироқро аз тариқи қаламраваш намедиҳад ва имкони мудохилаи низомӣ низ вуҷуд дорад".

Изҳороти Эрдуғон дар ҳолест, ки ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқ бо вуҷуди мухолифати ҷаҳонӣ ва вокуниши тунди давлати Ироқ, рӯзи душанбе ба исрори Масъуд Борзонӣ, раиси минтақаи Курдистони Ироқ баргузор шуд. Ин иқдоми Борзонӣ, муҷиби нигаронии ҳамсоягони Ироқ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз натоиҷи бесуботкунандаи ин ҳамапурсӣ дар сатҳи минтақа шудааст.

Туркия дар ин байн, шадидтарин вокунишро нишон додааст.

Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зудухӯрди мухолифони Эрдуғон ҳангоми суханрониаш дар Ню-Йорк

Ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистон аз Ироқ ба унвони як иқдоми якҷониба, таъсире бесуботкунанда бар Туркия бар ҷо хоҳад гузошт. Туркия бо доштани беш аз 900 килуметр марзи муштарак бо манотиқи курднишини Сурия ва Ироқ, нигарони таҳдидҳои густардаи дохилӣ дар манотиқи курднишини худ аст.
Ба вижа онки мушкилоти Туркия дар тули соли гузашта, бо поён ёфтани оташбас миёни давлати Туркия ва Ҳизби коргарони Курдистон (ПКК) ва дастгирии намояндагони курди парлумони ин кишвар ба авҷи худ расидааст.

Акнун Туркия бо ин масъала рӯ ба рӯст, ки муваффақияти эҳтимолии мақомоти минтақаи Курдистони Ироқ дар дастёбӣ ба ҷудоӣ аз давлати марказии Ироқ, муҷиби сирояти ин масъала ба ҷудоихоҳони курди ҳозир дар хоки Туркия хоҳад шуд. Ҷудоихоҳон курде, ки бо аз даст додани намояндагони худ дар парлумон ба далели иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи ПКК, акнун роҳҳои маданиро барои эътирозоти худ ғайримумкин медонанд.

Аз ин рӯ зарурӣ аст, ки давлати Туркия хатароти нуҳуфта дар иқдоми минтақаи Курдистони Ироқро дар назар дошта бошад ва бо дар пеш гирифтани рафторе мантиқӣ, монеъ аз шакл гирифтани ҳаракатҳое ин чунин дар хоки худ шавад.

Лентаи хабарҳо
0