ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Дар Кумитаи авзоъи изтирории Тоҷикистон нишасти Платформи миллии коҳиши хатари балоҳои табиӣ баргузор шуд.
Ба гузориши равобити умумии КАИ ҶТ, дар ин ҷаласа аъзои Платформи миллӣ — роҳбарони 16 вазорату идораҳои кишвар ва мудирону намояндагони 14 созмони байналмилалии муқим дар Тоҷикистон ширкат карданд, ки нозирони Платформи миллӣ ҳастанд.
Дар ин нишаст натиҷаҳои Панҷумин иҷлосияи Платформи ҷаҳонии коҳиши хатари балоҳои табиӣ, ки 22 — 26 май дар шаҳри Канкуни Мексика баргузор шуда буд, баррасӣ шуданд.
Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ ширкаткунандагонро бо тарҳи таҳкими зерсохторҳои муҳим дар баробари балоҳои табиӣ ошно кард.
Намояндаи вазорати нақлиёти ҶТ тарҳҳои бунёди саддҳои зидди селу тарма ва обхезӣ дар минтақаҳои хатарноки роҳҳои кӯҳистониро намоиш дод. Намояндаи Ожонси беҳдошти замин ва обёрии Ҳукумати ҶТ дар бораи корҳои соҳилбандӣ сухан кард.