ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. ВКД ҶТ дар ин бора эълом карда, ки чораҳои амниятӣ дар Душанбе ташдид нашуда, балки "машқи барномарезишуда дар чорчӯби посдории назми умумӣ" баргузор шудааст.
Бархе аз расонаҳо хабар дода буданд, ки дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои калони Тоҷикистон кормандони мусаллаҳи нерӯҳои низомӣ ва интизомӣ бештар шуда ва нигаҳбонии сафоратҳову намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ, созаҳои стротежик ва сохтмонҳои идорӣ ташдид шудааст.
Вазорати умури дохила гуфта, ки ҳадаф аз ин тақвияти тадбирҳои амниятӣ посдорӣ аз назми умумӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна амалиёти теруристӣ аст. Аммо бархе аз коршиносон бар ин боваранд, ки мақомот ба далоиле номаълум иллати воқеъии ин чораҳоро ошкор намекунанд, ки ҳамин нигаронии мардумро ба бор овардааст.
"Чанде пеш дар чорчӯби барномаҳои посдории назми умумӣ машқ баргузор шуд", — гуфтанд дар Вазорати умури дохила.
Сухангӯи Вазорати дифоъи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода низ гуфта, ки чанде пеш кормандони вазоратҳои дифоъ ва умури дохила ва сарбозону афсарони эҳтиёт аз шаҳр ба размоишгоҳи Фахробод рафтаанд.