Размоиши Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар Суғд анҷом ёфт

© SputnikУчения Антитеррор 2017 в Таджикистане на полигоне Ляур
Учения Антитеррор 2017 в Таджикистане на полигоне Ляур - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Размоиши подҳаросафкании Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар размоишгоҳи "Чоруқдарон" вилояти Суғд 14 август оғоз шудаву имрӯз ба поён расид
!-- —>

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии мақомоти вилояти Суғд, дар маросими поёни ин размоиш Вазири дифоъ Шералӣ Мирзо ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ширкат карданд.

Военные учения Душанбе-Антитеррор - 2017 - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифоъи ҶТ дар Суғд пайкор бо теруристҳоро размоиш мекунад

Ин размоиш бо фармондеҳии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи ҶТ ба дастури Эмомалӣ Раҳмон ва аз рӯи Нақшаи муштараки маҷмуъи барномаҳои аслии Нерӯҳои мусаллаҳ баргузор шуд.

Размоиш дар чаҳор марҳила дар размоишгоҳҳои "Чоруқдарон" ва "Нурафшон" дар бахшҳои назарӣ ва амалӣ ҷараён гирифт.

Дар барномаҳое аз ин размоиш раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва масъулини тамоми сохторҳои қудратӣ ширкат намуда, онҳо ба машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, сафороиву қадамзанӣ, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, тирандозӣ аз ҷангафзорҳои сангину зиреҳпӯш, силоҳу муҳимоти сабуки ҷангӣ ҷалб карда шуданд.

Дар ин размоиши подҳаросафканӣ ягонҳои подгони Суғд, аслиҳаи мухталифи оташнишон, 10 ҳавопаймои ҷангӣ, камобеш 200 зиреҳпӯш, 70 тӯп ва беш аз 450 худрав истифода гардиданд.

Дар ин маросим ҳамчунин Вазири дифоъ Шералӣ Мирзо бархе аз ширкаткунандаҳоро бо сипосномаву медалу дараҷаҳои низомӣ сарфароз кард.

Ҳамзамон, раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба чанд кас аз онҳо туҳфаҳои пулӣ тақдим намуд.

Лентаи хабарҳо
0