ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik, Фотима Яҳёева. Овозхони барҷаста шодравон Душанбе Паллаев имрӯз ин ҷаҳонро падруд гуфт. Наздиконаш гуфтаанд, ки дилаш аз дарде, ки солҳо ранҷаш медод, аз задан боз мондааст.
Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шуравӣ Ҷӯрабек Муродов дар гуфтугӯ бо Sputnik Тоҷикистон Душанбе Паллаевро "ҳунарпешаи барҷаста ва ҷовидном" хонду гуфт: "Чуноне, ки Рӯдакӣ мефармояд, ҳеч талхӣ нест бар дил талхтар, аз фироқи дӯстони пурҳунар. Аз ин ки чунин ҳунарпешаи хубе моро зуд тарк карда, бисёр ғамгинам. Ӯ на танҳо овозхони соҳибном, балки оҳангсози тавоное низ буд. Даргузашташро ба хонаводааш ва ҳама мардуми Тоҷикистон таслият мегӯям. Аз даст додани чунин ҳунарпешае зоеъае ҷуброннопазир аст".
Вай гуфт, осору овози Паллаев ва меҳраш дар дили дӯстдорони ҳунараш номашро ҷовидон хоҳанд кард.
"Дуруст аст, ки дар ин ҷаҳон касе ҷовидон намемонад, вале бояд донист, ки бархе аз касон ҷовидном мешаванд ва Душанбе яке аз ҳамон касон аст. Мо борҳо дар сафарҳои ҳунарӣ дар Суғду Бадахшон дар як саҳна овозхонӣ кардаем. Ӯ бо иҷрои таронаҳои мардумӣ базмро ҳамеша метафсонд. Мардум ӯро бисёр дӯст медошт", — ёдоварӣ кард устод Муродов.
Вай гуфт, ки шодравон Паллаев аз солҳо пеш аз дарди дил ранҷ мекашид. Вай панҷ сол пеш аз ин микроинсултеро аз сар гузаронда буд, вале ин дард ҳам ӯро аз саҳна дур накард.
"Ҳунарпеша будан ба чандин далел мушкил аст: яке ин ки ҳунарпеша наметавонад бе далил дароз кашаду дардашро дармон кунад. Ӯ дарду ранҷро фаромӯш карда кору эҷод хоҳад кард. Дувум ин ки ҳунарпешаи ростин ҳангоми ҳунарнамоӣ дар саҳна ҳама нерӯву тавонашро ба кор мегирад, ки пайомадаш осеб расидан ба саломатӣ аст. Дуушанбе аз ҳунарпешаҳои ростин буд ва чунон ҳунарнамоӣ мекард, ки саранҷом дилаш ҳам дардманд шуд", — бо таассуф гуфт устод Муродов.