ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, 23 сентябр ба мунисобати Рӯзи Хуҷанд дар Театри Камоли Хуҷандӣ барномаи ҷашнӣ баргузор шуд.
дар чорчӯби ин барнома муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва роҳбарони шаҳру меҳмонони дохиливу хориҷӣ аз намоишгоҳи дастовардҳои хуҷандиён боздид карданд.
Сипас, раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода, шоири халқии Тоҷикистон Фарзона ва муовини раиси шаҳри Ӯши Қирғизистон Шокир Зулимов ҳам сокинонро табрик гуфтанд.
"Дар ин рӯз ба Ғаффор Муҳиддинов, Мукаррам Бузрукова ва Сайрам Исоева унвони "Шаҳрванди ифтихории шаҳри Хуҷанд" тақдим карда шуд", — гуфта мешавад дар гузориши равобити умумии устондории Суғд.
Ҳамчунин профессор Замира Ғаффорова ва ҳунарманд Замира Юлдошева бо Ҷоизаи Маҳастӣ тақдир карда шуданд.
Шоиру нависандагон, мунаққидон ва драмнависон Дадохон Эгамзод, Адибаи Хуҷандӣ, Ӯлмаси Хол ва Баҳром Мирсаидов бо Ҷоизаи Раҳим Ҷалил сарфароз карда шуданд.
Ҳамчунин 15 бонуи ҳунарманд соҳиби грантҳои раиси шаҳр гардиданд. Раҳбарони маҳаллаи "Раззоқ", ки дар озмуни шаҳрии "Маҳаллаи беҳтарин" ғолиб дониста шуд, ҷоизаи нақдӣ дарёфт карданд.