Грантҳо ва шаҳрвандони ифтихорӣ: 23 сентябр Рӯзи Хуҷанд таҷлил мешавад

© SputnikФестиваль плова и цветов в Худжанде
Фестиваль плова и цветов в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин рӯз дар пойтахтии шимолии Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ баргузор шуда, шаҳрвандони ифтихории Хуҷанд ва маҳаллаи беҳтарини ин шаҳр интихоб мешаванд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, рӯзи 23-сентябр шаҳри хуҷанд ба майдони ҷашнӣ табдил меёбад.

Рӯзи 23-юми сентябр, соати 17:00 дар назди Театри мазҳака-мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо ширкати меҳмонони дохиливу хориҷӣ Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад.

Рынок панчшанбе в городе Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бурду бохти вилояти Суғд: аз роҳсозӣ то афзоиши нархи наво дар бозорҳо

Дар ин рӯз хаймаи дастовардҳои соҳаҳои гуногуни шаҳр бо шумули маҳсули ҳунарҳои миллӣ, истеҳсолоти корхонаҳои саноатӣ, бофандагӣ, қаннодӣ, ширӣ, гӯштӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта мешавад.

"Ҳамзамон озмуни шаҳрии "Маҳаллаи беҳтарин" натиҷагирӣ, унвони навбатии "Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд" ва ба 15 нафар занҳои ҳунарманд грантҳои раиси шаҳри Хуҷанд тақдим карда мешаванд", — омадааст дар хабарнома.

Иштироки ҳунармандони номвари Тоҷикистон дар барномаи фарҳангии Рӯзи шаҳри Хуҷанд дар назар дошта шудааст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ин бори сеюм аст, ки ҳамасола санаи 24 сентябр чун Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил карда мешавад.

Ёдоварӣ мекунем, ки бунгоҳи пажӯҳишҳои гардишгарии ТурСтат шаҳри Хуҷандро ба даҳгонаи шаҳрҳои қадима, ки ба далели осори торихӣ ва фарҳангияшон дар миёни ҷаҳонгардон номдор гаштаанд, ворид кардааст.

Лентаи хабарҳо
0