ДУШАНБЕ, 25 сен— Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, дар шаҳри Бӯстон намоишгоҳи ҷойҳои холии корӣ баргузор шудааст.
Ба иттилоъи манбаъ, ин намоишгоҳ бо ибтикорӣ хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бӯстон ва "Марказҳои машварати ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ" дар шаҳри Хуҷанд, сохторҳои зертобеи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва филиалҳои МД "Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон" дар шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шудааст.
Дар умум ба шаҳрвандони бекор 544 адад ҷойҳои кории холӣ пешниҳод гардидааст. Дар маҷмӯъ ба ярмарка камо беш 150 нафар корҷӯён, ки як қисми муайянашон собиқ муҳоҷирони меҳнатӣ буданд, омадаанд.
"Ба 5 нафар роҳхат барои кор ва 4 нафар роҳхат барои касбомӯзӣ дода шуд",-омадааст дар хабарнома
Манбаъ меафзояд, ки дар ин намоишгоҳ ҳамчунин ҷойҳои корӣ дар Русия ҳам пешниҳод шудаасту, барои муҳоҷирони оянда қоидаҳои буду бош дар Русия фаҳмонида шудааст.