Генерал Назаров: муҳоҷират сабаби ифротгаро шудани ҷавонони тоҷик аст

© Flickr \ MagharebiaМусалсалсал (автомат)-и Калашников. Акс аз бойгонӣ
Мусалсалсал (автомат)-и Калашников. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сардори РВКД дар вилояти Суғд аснои суханрониаш дар ҳамоиш гуфт, тайи ду моҳи соли 2015 дар қаламрави вилоят 52 аъзои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дастгир шудаанд.

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Генерал Шариф Назаров, сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд мегӯяд, зиёда аз 70 дарсади ҷавонон дар муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз марзи Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомил гаштаанд, иттилоъ медиҳад Хабаргузории Озодагон.

Ӯ ин нуктаро дар конфронси илмӣ-амалӣ зери унвони "Муҳоҷирати аҳолӣ, таҳдидҳо ва хатарҳои муосир: нақши ҷомеа ва мақомоти давлатӣ дар мубориза бо чунин зуҳурот", ки 16 март дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, иброз дошт.  Генерал Назаров афзуд, кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд тайи солҳои 2010 — 66 нафар, 2011 — 73, 2012 — 5, 2013 — 31, 2014 — 84 ва 2 моҳи сипаришудаи соли 2015 — 52, ҷамъ 311 нафарро бо иттиҳоми узвият дар гуррӯҳҳои мухталифи террористиву ифротӣ боздошт кардаанд.

Аъзои “Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар Суғд барои 9 сол равонаи зиндон шуд

 "Аз ҷумла 177 нафар аъзои иттиҳоди ҷиноии "Ҳаракати Исломии Узбекистон", 68 узви ҷамоати "Ансороллоҳ", 31 аъзои ҳизби динӣ-экстремистии "Ҳизб-ут-Тахрир", 13 узви равияи динии "Салафия", 12 аъзои ҷамоати "Ҷундуллоҳ", 10 узви ҷамоати динӣ-экстремистии "Даъват-ут-таблиғ", ки дар ҳайати 12 гуруҳи муташаккили ҷиноӣ фаъолият намуда, мақсади содирнамоии ҷиноятҳои вазнини дорои раванди террористию экстремистии таъсири васеи ҷамъиятиро доштанд, муайяну дастгир шуданд.   

Сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд мегӯяд, аз ҳисоби дастгиршудаҳо 82 нафар сокинони шаҳру навоҳии Истаравшан, 58 тан аз Исфара, 17 нафарӣ аз Конибодому Панҷакент, 11 кас аз Хуҷанд, 2 нафар аз Чкалов, 54 кас аз Бобоҷон Ғафуров, 20 нафарӣ аз Ашту Спитамен, 12 кас аз Шаҳринав, 10 тан аз Мастчоҳ, дунафарӣ аз Зафарободу Ғончӣ, якнафарӣ аз Қубодиён, Ҷаббор Расулов, Айнӣ ва Душанбе мебошанд.

Номбурда гуфт, 153 тан аз дастгиршудаҳо ҷавонони синни то 30 ва 158 нафар шаҳрвандони аз 30-сола боло буда, зиёда аз 70 дарсади онҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз марзи Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомил гаштаанд. Ба қавли ӯ, 10 нафар аъзои ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар ҷараёни гузаронидани амалиётҳои муштарак ва нишон додани муқобилияти мусаллаҳона безарар гардонида шуданд.

Лентаи хабарҳо
0