ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Ҳавопаймо бе пешомаде дар фурӯдгоҳи Хоруғ бар замин нишаст ва касе аз сарнишишон осеб надид, гуфт Азиз Хайруллоев, сухангӯи ширкати миллии мусофирбарии Тоҷикистон.
Ин масъули "Тоҷик Эйр" афзуд, ки мусофирони ин ҳавопаймо бо чархболе, ки Азизмуҳаммад Қурбонов, мудири фанни "Тоҷик Эйр" ва ҳайъати ҳамроҳашро ба Хоруғ оварда буд, Душанбе равон шудаанд. Ин ҳайъат барои бозрасии қазияи фурӯди изтирории ҳавопаймо ба Хоруғ рафта аст.
Ҳавопаймои Ан-28 бо 25 мусофир имрӯз аз Хоруғ ба мақсади Душанбе парвоз дошт, вале чанд дақиқа пас аз баланд шудан аз фурӯдгоҳ яке аз мутурҳояш дар ҳаво аз кор монду якпаҳлӯ гашт. Халабонҳо тавонистанд ҳавопайморо бар гардонанд ва фуруд оваранд. Масъулини ширкати "Тоҷик Эйр" ин пешомадро бозрасӣ доранд.