Маркази исломшиносӣ "Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро тавзеҳ дод

© Sputnik / Олег Макаров / Гузариш ба медиабонкТраурная церемония, архивное фото
Траурная церемония, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чанде пеш Кумитаи дину танзими ҷашну маросим ва Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дастурамали "Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро таҳия ва мунташир карда буданд

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Марказии исломшиносии вобаста ба раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз бо интишори матлабе ин дастурамалро шарҳу тавзеҳ дод.  

Дар ин матлаб, ки дар вебгоҳи расмии Маркази исломшиносӣ мунташир шудааст, таъкид шудааст, ки "Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар асоси муқаррароти шариати ислом, мазҳаби ҳанафӣ, таъкидҳои Имом Абуҳанифа, урфу одатҳои мардум, қавмҳои муқими Тоҷикистон, санаду меъёр­ҳои фиқҳии дигар ва қонунҳои ҷории Ҷумҳу­рии Тоҷикис­тон омода шуда ва "асосан хусу­сия­ти тавсиявӣ дорад".

Траурная церемония, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кафанпечонӣ, гӯронидан ва ҷаноза: Кумитаи дин тартиби маросими азодориро муайян кард

Маркази исломшиносӣ ёддоварӣ кардааст, ки Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мутобиқати аҳкоми овардашуда дар ин дастурамалро бо меъёрҳои фиқҳи ҳанафӣ баррасӣ ва таъйид намуда, аммо он чи ки марбути урфу одатҳои мардумӣ дар маҳалҳои гуногуни ҷумҳурӣ аст, дар натиҷаи таҳлилу баррасӣ ва хулосаҳои коршиносон ба таври тавсия­вӣ дар матни Тартиб ҷой дода шудааст.

Ин ниҳод аз баррасии ин санад дар расонаҳо натиҷагирӣ карда ва бо такя бар мутуни фиқҳӣ тавзеҳоте муфассал дар бораи гиряву шеван дар сӯги даргузаштагон овардааст, ки хоҳишмандон метавонанд аз вебгоҳаш дарёфт кунанд.

Лентаи хабарҳо
0