ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Ба гузориши сухангӯи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева, дар ин ҷаласа раиси вилояти мухтори Кғҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед, вазири додгустарӣ Рустам Шоҳмурод, мушовири раисҷумҳур оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Соҳибназар Дилбар ва раисони шаҳру навоҳии ВМКБ ширкат кардаанд.
Ба иттиоъи манбаъ, Шодихон Ҷамшед баргузории чунин як чорабиниро иқдоми саривақтие барои тақвияти фаъолияти Шӯрои мутобиқатсозии методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон арзёбӣ карда ва гуфтааст ки зимни расондани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон бояд ҳар як ҷузъиёти афроди муроҷиаткунанда воқеъбинона санҷида шуда, ёрии беғаразонаи ҳуқуқӣ расонида шавад.
"Рустам Шоҳмурод вазири аддлияи Тоҷикистон ба раисони шаҳру нохияхои вилоят дастур додааст, то фаъолияти шӯроро дар шаҳру ноҳияҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд", — омадааст дар хабарнома.
Мушовири раисҷумҳур оид ба масъалаҳои ҳуқуқи Соҳибназар Дилбар ҳамоишро аз қадамҳои устуворе дар самти амалисозии сиёсати дарҳои кушод дар кишвар хонда, онро заминаи мусоиде барои таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон гуфтааст.