ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ба гузориши сухангӯи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева, дар ин дидор ҷонибҳо ҷоннок кардани фаъолияти Шӯрои вилоятиро баррасӣ кардаанд.
"Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба тақвият бахшидани фаъолияти Шӯрои вилоятии мутобиқсозии методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, ҷоннок намудани фаъолияти шӯрои мазкур дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ибрози назар намуданд", — омадааст дар хабарнома.