Озмуни Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли панҷ вазифа

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкСотрудники банка в офисе, архивное фото
Сотрудники банка в офисе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли панҷ вазифа озмун эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Бонки миллии Тоҷикистон, озмун барои ишғоли панҷ вазифа: сармутахассиси Идораи таҳлили бонкҳо (2 ҷой), сарбозраси Идораи бозрасии бонкҳо (1 ҷой), сарбозраси Идораи бозрасии бонкҳо (1 ҷой), сармутахассиси Шуъбаи иҷозатномадиҳӣ ва батанзимдарорӣ (1 ҷой) эълом кардааст.

Дар озмун хоҳишмандоне, ки дорои маълумоти олии иқтисодӣ мебошанд, метавонанд ширкат кунанд.

Барои ҳамаи довталабон барои дарёфти ин панҷ ҷои кор донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмӣ буда, донистани забони англисӣ афзалият дорад.

Работа на планшете - Sputnik Тоҷикистон
Планшет бурд кун: мақомоти Суғд озмун эълом кардааст

Аз довталабон ҳамчунин доштани малакаи корбурд бо компютер ва таҷрибаи корӣ дар бонк ва донистани қонунгузории Тоҷикистон талаб мешавад.

Манбаъ меафзояд, ки ӣӯҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо 31 августи соли 2017 мебошад.

Маълумоти бештареро дар бораи шартҳои озмун дар торномаи бонк дарёфт карда метавонед.

Лентаи хабарҳо
0