Боварии Эмомалӣ Раҳмон ба рафъи мушкилоти об дар ҷаҳон

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон 21.09.2017. Ню-Йорк
Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон 21.09.2017. Ню-Йорк - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об аз коҳиши мушкилоти об дар ҷаҳон изҳори боварӣ кард

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, Тоҷикистон дар пешбурди ташаббуси эълон кардани Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" барои солҳои 2018-2028 кишвари пешоҳанг дониста шуда, дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом додааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ, баланд бардоштани дарки масъалаҳои об дар Рӯзномаи ҷаҳонии рушд ва мусоидат ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба обро барои муттаҳид сохтани талошҳо дар ин самт ҳадафи аслӣ гуфт.

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо доираи сармоягузорони Амрико - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба корофаринони амрикоӣ: дар Тоҷикистон мошин созед

"Вобаста ба ҳадаф ва вазифаҳои Даҳсола мо Консепсияи татбиқи онро бо маҷмуи чорабиниҳо дар доираи фаъолияти Панел пешниҳод карда, барои  амалӣ намудани  он ҷаҳд намуда истодаем", — гуфт раисҷумҳур.

Раисҷумҳур гуфт, ки дар сатҳи миллӣ нақшаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи Даҳсола қабул карда, барои амалӣ намудани он Маркази махсус ва ҷиҳати назорати иҷрои он Кумитаи тадорукотро дар назди ҳукумати кишвар таъсис дода мешавад.

"Ман итминони комил дорам, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз имкониятҳои Даҳсола васеъ истифода хоҳад кард ва дар ин давра шиддати мушкилоти марбут ба об ба таври назаррас коҳиш хоҳад ёфт", — гуфт раисҷумҳур.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон хабар дод, ки Тоҷикистон тасмим гирифтааст  дар ҳамдастӣ бо СММ ва дигар шарикон ҳар ду сол чорабиниҳои сатҳи баландро оид ба раванди татбиқи Даҳсола баргузор намояд.    

Ташкили чунин конфронс моҳи июни соли 2018 дар назар аст. 

Лентаи хабарҳо
0