https://sputnik.tj/20170922/dawati-emomali-rahmon-az-sohibkoron-1023399537.html
Раҳмон ба корофаринони амрикоӣ: дар Тоҷикистон мошин созед
Раҳмон ба корофаринони амрикоӣ: дар Тоҷикистон мошин созед
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон корофаринони амрикоиро даъват кард, ки дар соҳаҳои мошинсозӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, коркарди маъданҳо, металлу сангҳои гаронбаҳои... 22.09.2017, Sputnik Тоҷикистон
2017-09-22T13:38+0500
2017-09-22T13:38+0500
2017-09-23T17:00+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102339/95/1023399594_0:102:2048:1260_1920x0_80_0_0_f6017d644ab76bc0339dc7925de6e838.jpg
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2017
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102339/95/1023399594_0:37:2048:1325_1920x0_80_0_0_0f95c41d1c9ae97d9914afdb07160366.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иқтисод, дар тоҷикистон, дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо, амрико, эмомалӣ раҳмон, суҳбат бо корфармоён
иқтисод, дар тоҷикистон, дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо, амрико, эмомалӣ раҳмон, суҳбат бо корфармоён
Раҳмон ба корофаринони амрикоӣ: дар Тоҷикистон мошин созед
13:38 22.09.2017 (Навсозишуда: 17:00 23.09.2017) Эмомалӣ Раҳмон корофаринони амрикоиро даъват кард, ки дар соҳаҳои мошинсозӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, коркарди маъданҳо, металлу сангҳои гаронбаҳои Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон бо доираи сармоягузорон ва корофаринони Амрико суҳбат карда, онҳоро бо сабукиҳои андоз дар Тоҷикистон ошно кард.
"Айни замон дар Тоҷикистон қариб 240 намуди сабукиҳои андозӣ ва 70 шакли ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ ҷорӣ гардидааст", — гуфт раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон корофаринони амрикоиро барои мошинсозӣ даъват кард.
"Соҳаҳои мошинсозӣ, саноати сабук, хурокворӣ ва аграрӣ, кимиёвӣ ва дорусозӣ, истеҳсол ва коркарди маъданҳо, металлу сангҳои қиматбаҳо ва масолеҳи сохтмонӣ аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки соҳибкорон ва сармоягузорони амрикоӣ метавонанд дар онҳо фаъолияти худро ба роҳ монанд", — гуфт раисҷумҳур.
Соҳаи дигари ояндадори ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрикоро Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи гардишгарӣ гуфт.
Дар соҳаи саёҳӣ як қатор сабукиву имтиёзҳо, аз ҷумла ҷиҳати воридоти таҷҳизоту маводи дигар барои рушди инфрасохтори он, пешбинӣ шудаанд.
Раисҷумҳур гуфт, ки иқтисоди Тоҷикистон бозорест ки ҳанӯз пурра аз худ нашудааст ва имкониятҳои фароху фаровони ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузориро дорад.
"Дар ин замина аз шумо даъват ба амал меорам, ки ҷиҳати ворид шудан ба иқтисоди кишвари рӯ ба тараққии мо қадамҳои устувор гузошта, дар раванди рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии кишварҳоямон саҳмгузор бошед", — гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон ба корфармоёни амрикоӣ.