ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар чорчӯби ъамалӣ кардани тарҳи бозсозии қитъаи Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳини ҷоддаи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб дуто пул хоҳанд сохта мешавад. Дар бора хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳангоми сафари раисҷумҳур ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон маълум гардида буд, ки дар ин тарҳ ҳамворсозӣ ва тавсеъаи ҷодда, гузоштани 39 лӯлаи об, сохтусози рӯдҳои бетонӣ дар ду сӯи ҷодда ба тӯли 40 ҳазор метр, сохтусози зербиноҳои дифоъӣ ба тӯли 10 ҳазор метр ва соири сохтмонҳои зарурӣ пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, барои амалӣ кардани ин аҳдоф 51 миллион масраф хоҳад шуд. Ин қитъаи ҷодда дар кулл 32 километр тӯл хоҳад кашид. Ин қитъа қисмати аслии ҷоддаи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб ба шумор меравад ва бозсозии он ҳаракати муназзами сокинон ва афзойиши ҳамлу нақли колоҳоро таъмин хоҳад кард.
Сохтусоз ва бозсозии ҷоддаи Кӯлоб-Қалъаи Хумбро аслан Бонки исломии тавсеъа, Сандуқи тавсеъаи Арабистони Саудӣ, Сандуқи қувайтии тавсеаи иқтисодии ъарабӣ, Сандуқи Абу Забӣ ва Сандуқи ОПЕК таъмини молӣ мекунанд.
Ҳукумати Тоҷикистон низ дар таъмини молии ин ҷоддаи мошингард саҳми худро дорад. Арзиши кулли тарҳи "Сохтусоз ва бозсозии ҷоддаи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб, қитъаҳои A ва F" беш аз 115 миллион доллар мебошад.
Ёдовар мешавем, чанде пеш раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо мудири Бонки Исломии Рушд қитъаи "Шӯробод-Шоҳон"-и роҳи автомобилгарди Кӯлоб Қаъаи Хумбро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода буд.
Раисҷумҳур ба роҳсозон дастур дода буд, ки қисмати дигари роҳро мутобиқ бар стандартҳои байналмилалӣ бунёд кунанд.