ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, дар деҳаи Яхчисори ҷамоати деҳоти Нулванд сокинон, Эмомалӣ Раҳмонро бо меҳру муҳаббат истиқбол гирифтанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз дар ҷараёни ифтитоҳи як зумра иншоот иштирок намуда, бо сокинони ноҳия суҳбат кард.
Раисҷумҳур нахуст бо гузоштани санги асос ба сохтмони роҳи автомобилгарди қитъаи Шикеф-Қалъаи Хумб оғози расмӣ бахшид.
Қитъаи Шикеф-Қалъаи Хумб дар идомаи роҳи мошингарди Шоҳон-Шӯрообод бунёд гардида, дар асоси марҳилаи навбатии лоиҳавӣ навсозӣ мегардад.
Қитъаи роҳи автомобилгарди Шикеф-Қалъаи Хумб 26 километр буда, он тибқи талаботи замони муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта мешавад ва барои хизматрасонӣ дар давоми солҳои зиёд пешбинӣ шудааст.
Асоси лоиҳаи таҷдиди қитъаи роҳи автомобилгарди Шикеф-Қалъаи Хумб сохтмони як адад пул бо дарозии 22 метр ва дар мавзеи хавфноку мушкилгузар бунёди нақб ба масофаи 330 метр ба нақша гирифта шудааст.
Маблағгузории лоиҳаи роҳи мошингард дар масофаи 26 километр бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Исломии Рушд, Фонди рушди Саудӣ, Фонди Кувайтии рушди иқтисодии араб, Фонди ОПЕК ва Фонди Абу Дабӣ амалӣ мегардад.
Ҳанӯз 20 сол пеш, соли 1997, Эмомалӣ Раҳмон аснои сафар ба ВМКБ аз ин қитъаи роҳ дидан карда буд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо сокинон гуфта буд, ки номи ин мавзеъ аз Девдара ба Гулдара табдил дода шавад.