ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шаҳрванд Муҳиддин Фахриддиновро ба ҷурми ҳамдастӣ ба гурӯҳи террористии ДОИШ ба ҳабси 13 солу 6 моҳ равонаи зиндон кард, гузориш медиҳад маркази матбуъотии додситонии кулли ҶТ.
Бино ба иттилоъи манбаъ, Фахриддинов сар аз соли 2003 ба сурати муназзам барои кор ба ба Русия муҳоҷират мекард. Ӯ дар соли 2016 дар Русия бо як нафари мулаққаб ба Мустафо, ки узви ДОИШ будаст, ошно мешавад.
Мустафо ӯро таблиғ кард, ки ба саффи террористон бипайвандад. Фахриддинов рӯзи 20 апрели соли 2017 аз Маскав ба Истамбул парвоз кард. Ӯ мехост, ки аз тариқи Туркия ба Сурия убур кунад ва ба саффи ДОИШ дохил шавад.
Фахриддинов бо кӯмаки Мустафо гузарномаи қалбии Чинро дарёфт кард ва ба шаҳри Газиантеппаи воқеъ дар назди марзи Сурия расид. Дертар кормандони хадамоти вижаи Туркия Фахриддиновро боздошт ва ба Тоҷикистон мустарад карданд.