ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Аксари ин занон аз Туркия мебошанд. Вале чандин тани дигар аз Тоҷикистон, Русия ва Озарбойҷон аз қафои ҳамсаронашон ба ин ҷо омадаанд.
Гурӯҳи кории шабакаи RT (Россия сегодня) аз урдугоҳе дар Ироқ гузориш доданд.
Дар суҳбат бо муҷрӣ, қариб ҳамаи занон изҳор доштанд, ки намедонистанд ба куҷо мераванд ва ҳузурашон дар ин минтақа тасодуфӣ аст.
Онҳо умед доранд, ки касе барои тамос бо хонаводаҳояшон ба онҳо кӯмак мекунад.
"Аксари занон ҳамроҳи шавҳарҳояшон омаданд. Мо бо хоҳиши худ омадем, вале намедонистем ки дар ин ҷо ҷанг аст. Мо ин ҷо барои ҷанг наомадаем. Мо барои зиндагӣ ба ин ҷо омадем", — шарҳ дод яке аз сокинони ин урдугоҳ.
Нафаре, ки ба ин ҷо меафтад дигар аз урдугоҳ берун омадан наметавонад.
"Модарам омад, ки маро бибарад, вале ӯ ҳам ҳамин ҷо монд. Касе ки ба ДОИШ мепайвандаду ин ҷо меояд, онҳо ӯро раҳо намекунанд. Ба ёрии таъҷилӣ ниёз дошта бошад ҳам ", — гуфт зани дигаре.
Пештар яке аз масъулин гуфта буд, ки аксари занон ягон ҳуҷҷате надоранд.
"Мо оилаҳои ҷангиёнро ин ҷо нигоҳ медорем ва қарори ҳукуматро оиди сарнавишти онҳо интизор ҳастем. Мо бо онҳо хуб муносибат мекунем. Онҳо аъзои оилаи нафароне ҳастанд, ки мардуми бегуноҳро куштаанд. Вале дар паи пурсиш мо ба хулоса омадем, ки ҳамаи онҳо ба доми фиреб афтодаанд", — гуфт яке аз масъулини баландпоя.