ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки мардеро дар ноҳияи Айнӣ ба иттиҳоми куштори зани 48-солаи сокини шаҳри Душанбе боздошт кардааст.
Бино бар итилои манбаъ, муттаҳам — марди 37-солаи сокини ноҳияи Айнӣ, раиси ошхонаи "Шаббодаи анзоб" ин занро бо далели номаълум лату кӯб карда, 7 рӯз дар таҳхонаи сард нигаҳ доштааст.
Манбаъ меафзояд, ҳодиса дар зимистон-моҳҳои январи соли 2016 рух додааст. Пас аз ба ҳалокат расидани зани гумонбаршуда ҷасади вайро дар мавзеи "Чоре"-и ҷамоати деҳоти Айнӣ дар чуқурии 1 метр гӯр кардаст. Гумонбаршуда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.