ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik.Дар муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистон ин рӯзро бо ёди шоир ва қироати ашъори вай ҷашн мегиранд. Sputnik Тоҷикистон бори дигар зиндагиномаи устодро дар ин рӯз варақгардон мекунад.
Бунёдгузори адабиёти порсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯд, ки акнун рустое аз ноҳияи Панҷакент аст, ба дунё омадааст. Таърихи ҳазору сад солаи адабиёти тоҷик бо номи бунёдгузори он устод Рӯдакӣ сахт вобаста аст. Рӯдакиро муосиронаш ва суханварони баъдина бо унвонҳои ифтихорӣ: Одамушуаро آدم الشعرا Қофиласорои назми форсӣ, Соҳибқирони шоирон, Султони шоирон, Мақаддумушуаро ва ҳамсони инҳо ёд мекунанд. Асосгузор ва сардафтари адабиёт аслан маънои онро надорад ки пеш аз дигарон асар эҷод карда бошад.
Устод Рӯдакӣ бо хизматҳои бузургаш ба ин мақоми таърихӣ расидааст. Рӯдакӣ дар таърихи фарҳанги халқи тоҷик аввалин суханваре аст, ки таҷрибаҳо ва муваффақиятҳои гузаштаи худро дар соҳаи адабиёти порсу тоҷик ҷамъбаст кардааст. Рӯдакиро яке аз асосгузорони жанрҳои назми форсу тоҷик — достон, рубоӣ, қасида, байт ва ғазал пазируфтаанд.
Рӯдакӣ бо ташаббуси Абулфазли Балъамӣ, ки аз соли 892 то соли 938 вазир буд, ба Бухоро бо пойтахти Сомониён даъват шуд. Рӯдакӣ дар он замоне, ки давраи рушди болоравии худшиносии халқи тоҷик буд, даъвати Балъамиро ба ҷон пазируфт. Иштироки Рӯдакӣ дар ин раванди ташаккули халқи тоҷик айни муддао буд. Ӯ бо дарбори Исмоили Сомонӣ (892-907) ва Аҳмад ибни Исмоил (907-914) беалоқа набудааст. Рӯдакӣ дар дарбори Наср ибни Аҳмади Сомонӣ, яъне Насри II (914-943) ба мартабаи азим соҳиб мешавад.
Наср ибни Аҳмади Сомонӣ дӯстдор ва ташвиқкунандаи адабиёти дарӣ буд. Худаш ҳам шеър мегуфт. Ӯ Рӯдакиро надим, яъне аз наздикони худ мегардонд. Рӯдакӣ бо ӯ дар бисёр сафарҳояш ҳамроҳӣ карда, Нишопур, Марв, Сарахсу Ҳирот ва бисёр шаҳрҳои дигарро дидааст. Нуфузи Рӯдакӣ дар дарбор ниҳоят бузург буд. Наср ибни Аҳмад ва сарлашкарону ҳокимони қаламрави ӯ ба шоир барои қасидаву достонҳояш мукофотҳои калон медоданд.
Рӯдакӣ тарбиятгар ва пешвои тамоми адибони замонаш буд. Шаҳиди Балхӣ, Муродӣ ва Фароловӣ аз ин қабил буданд. Далелҳои зиёди таърихиӣ аз таъсири фавқулоддаи ашъори Рӯдакӣ шаҳодат медиҳад. Боре Наср ибни Аҳмад ба Ҳирот сафар кард. Ба сабаби хушии обу ҳаво ва зебоии табиати ӯ чор сол он ҷо монда, пойтахти худ шаҳри Бухороро гуё аз ёд баровард. Вазирону сарлашкарони ӯ, ки муштоқи ёру диёр ва пазмони аёлу фарзандон буданд, майли Бухоро доштанд. Азбаски замони осоишта буд, амир аз фароғат даст намекашид. Онҳо аз устод Рӯдакӣ мадад ҷустанд, ки чорагарӣ кунад. Рӯдакӣ ба доди онҳо расид. Вай дар васфи Бухоро қасидае навишта, бо самимият, ташбеҳу муболиға шеъри гӯшнавозе эҷод кард.
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Реги Омуву дурушти роҳи ӯ,
Зери поям парниён ояд ҳаме.
Оби Ҷайҳун бо ҳама паҳноварӣ
Хинги моро то миён ояд ҳаме.
Э, Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Мир наздат шодмон ояд ҳаме.
Мир моҳ асту Бухоро осмон,
Моҳ сӯи осмон ояд ҳаме.
Мир сарв асту Бухоро бӯстон,
Сарв сӯи бӯстон ояд ҳаме.
Офарину мадҳ суд ояд ҳаме,
Гар ба ганҷ андар зиён ояд ҳаме.
Рӯдакӣ аз шоирони пуркор ва сермаҳсули дунё буд. Эҷодиёти ӯ аз 8-солагиаш сар шуда, қариб 70 сол давом кард. Бар замми ин, Рӯдакӣ чунон истеъдоди бузург дошт, ки асарҳои калонро дар муддати кӯтоҳ эҷод мекард. Соли 932 ӯ бо хоҳиши дӯсташ Балъамӣ Калила ва Димнаро дар 12 ҳазор байт ба назм медарорад. Ҳоло аз он қариб сад байт бокист.
Муҳаммад Авфӣ ашъори Рӯдакиро сад дафтар, яъне сад ҷилд мегӯяд. Шоири асри XI Рашидии Самарқандӣ сездаҳ рах сад ҳазор байт будани шеъри Рудакиро хабар медихад:
Гар сари ёбад ба олам кас ба некушоирӣ,
Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.
Шеъри ӯро баршумурдам, сездаҳ рах сад ҳазор,
Ҳай фузун ояд, агар чунонки бояд бишмарӣ.
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ соли 941 аз олам гузашт. Ҷасади ӯро дар саҳни бӯстони Панҷруд ба хок супурданд. Оромгоҳи ӯ то имрӯз зиёратгоҳи мухлисони назми пок ва сухани Олӣ мебошад.
Устод Рӯдакӣ дар тӯли зиндагии худ мероси бузурги адабӣ боқӣ гузошта, яке аз шоирони пуркору пурбортарини замони худ будааст. Осори бадеиву таърихии суханвари панҷрӯдиро Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар "Лубобу-л-албоб" сад дафтар ва Асадии Тӯсӣ (тав. 1005-1010 — ваф. 1073) дар қасидаи мунозиравии худ «Араб ва Аҷам» яксаду ҳаштод ҳазор байт баршумурданд. Шояд дар ин гуфтаҳо муболиға роҳ ёфта бошад, аммо ҳамаи ин далели он аст, ки мероси бузурги устод Рӯдакӣ на танҳо бо муҳтавои баланду ҳунари шоирӣ, инчунин бо ҳаҷму андозааш ҳанӯз дар асрҳои XII-XIII суханварони баъдиро дар ҳайрат гузошта будааст тасодуфӣ нест, ки Рашидии Самарқандӣ устод Рӯдакро сарвари шоирони забардаст номидааст.
Мавод бо истифода аз маъхазҳои озод таҳия гардид