Михаил Синелников: Лоиқ Шералӣ кайҳонавардест, ки аз дигар ҷаҳон омад

© Саҳифаи фейсбукии Михаил СинелниковШоир ва тарҷумони рус Михаил Синелников
Шоир ва тарҷумони рус Михаил Синелников - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Лоиқ кайҳонавардест, ки аз ҷаҳони дигар барои миллати тоҷик фиристода шуда буд

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik.  Шоир ва мутарҷими рус Михаил Синелников дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи ҷойгоҳ ва шеъри Лоиқ Шералӣ дар ҷомеъа ва назми форсӣ гуфт.

Вай Лоиқро ҳамчун  шоире мешиносад, ки дорои истеъдоди фитрӣ буда, шеъри тоҷикро дар сатҳи олӣ сурудааст.

"Дар бораи шеър ва мавқеи Лоиқ Шералӣ ҷуз он ки вай шоири бузурги миллати тоҷик аст, дигаре  чиро ҳам метавон гуфт?", — таъкид мекунад мутарҷим.

Михаил Синелников гуфтаҳои Мирзо Турсунзодаро дар бораи Лоиқ ёдоварӣ кард, ки шоирро "қайҳонавард" номида буд.

"Ман гуфтаҳои Мирзо Турсунзодаро қабул дорам: Лоиқ кайҳонавардест, ки  аз ҷаҳони дигаре  фиристода шуда буд.  Шоири бузурге бо истеъдоди фитрӣ ва табиӣ", — мегӯяд вай.

Поэт Лоик Шерали - Sputnik Тоҷикистон
Ман баъди ҳама завол меоям боз: Ёдбуди Лоиқ Шералӣ назди оромгоҳи шоир

Ин мутарҷими рус гуфт, ки худ бо устоди шеъри тоҷик ҳамсуҳбат шуда буда ва Тоҷикистонро ҳамроҳ бо вай гаштааст.

"Ман дар китобе хотираҳоямро дар бораи Лоиқ Шералӣ ва шеъри вай гуфтаам", — афзуд вай.

"Боз ифтихор дорам, ки ашъори ӯро ба забони русӣ тарҷума кардаам", — гуфт дар фарҷоми суҳбат Михаил Синелников.

Оли Сомон

Ордой степняков окольцованный трон,

 Мирок цветников, что песками пленен,

Средь дыма слепящего яркое пламя,

Средь хилых щенков исполин-пахлавон,

— Оли Сомон!

В мошне расточителей — золота звон,

Поэт, что толпой торгашей окружен,

Звезда, ненароком упавшая с неба,

Во мраке, где длится невежества сон,

— Оли Сомон!

Михаил Синелников — шоир ва мутарҷими рус аст, ки бисёре аз шеърҳои шоирони номдори қадим ва муосири тоҷикро тарҷума кардааст. Вай аз даврони Иттиҳоди Шуравӣ бо шоирони тоҷик дӯстиву ҳамкорӣ дорад ва ҳамвора дар барномаҳои фарҳангии тоҷикон дар Маскав ширкат мекунад.

Лентаи хабарҳо
0